20 барномаи нав дар ТВ «Сафина»
Душанбе, 13.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Гурӯҳи эҷодии филиали Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар вилояти Хатлон дар давоми соли 2015 12 барнома ва 520 гузоришу сюжет омода намудаанд,-гуфт Давлатзода Зевар Маҳмудӣ, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» имрӯз, 13 январ зимни нишасти хабарии ин ниҳод. Ҳамзамон дар нишаст гуфта шуд, ки дар давоми соли 2015 дар телевизиони «Сафина» бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришу барномаҳои зиёде таҳия ва пахш гардиданд ва боз дар оянда низ ин кор идома хоҳад ёфт. Барномаҳои «Муждаи эҷод», «Қаҳва бо шир», «Дар ин замона» ва дигар барномаҳо дар ҳолати таҳия ва омодасозӣ мебошанд.
Дар соли 2015 дар телевизиони «Сафина» 20 лоиҳаи нав, аз қабили «Маҳорат», «Арзанда», «Муждаи эҷод», «Дар талоши ҳаёт», «Он сӯи қиссаҳо», «Дидаи бедор», «Тавлид», «Андешаи рӯз», «Маликаи хушхиром» ва ғайра рӯи навор омаданд.








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






