А. Ғоиб: «Ҳам воридот ва ҳам содирот дар соли 2015 коҳиш ёфтааст»
Душанбе, 25.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли сипаригардидаи 2015 бо сад кишвари ҷаҳон муомилоти тиҷоратӣ дошт». Ин матлабро Абдуфаттоҳи Ғоиб -сардори Хадамоти гумруки кишвар 25 январ дар ҷамъи хабарнигорони ватанию хориҷӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Роҳбари Хадамоти гумруки кишвар афзуд, ки ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 4326,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 943,0 миллион доллар ё 17,9 % кам буда, воридот 3435,0 миллион доллар ва содирот 891,0 миллион долларро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли 2014 воридот ба маблағи 863, 0 миллион доллар ва содирот ба қадри 79,0 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии воридот дар соли сипаригардида ҳиссаи бештарро маҳсулоти нафтӣ — 10,2% ё ин ки 351,6 миллион доллар, гандум 7,1% ё 244,5 миллион доллар, гази моеъ 4,3 % ё 147,0 миллион доллар, оксиди алюминӣ ( глинозем) 3,9 % ё 133,8 миллион доллар, чӯбу тахта 3,8 % ё 129,9 миллион доллар ва воситаҳои нақлиёти сабукрав 2,6 % ё ин ки 88,2 миллион долларро ташкил медиҳанд.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






