Афзоиши савдои дохилӣ ва хориҷии вилояти Суғд дар соли 2015
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии солҳои охир дар вилояти Суғд бевосита ба афзоиши савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ таъсири мусбат расонд.
Ҳаҷми гардиши моли чакана дар 11 моҳи соли гузашта ба 5144,1 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2732,4 млн. сомонӣ баробар шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 мутаносибан 104,9 фоизиро ташкил намуд.
Хаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят 1985,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, баробари 89,2 фоизи сатҳи ҳамин давраи соли 2014 мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ чун солҳои пештара ҳиссаи воридот калон буда, он 1564 млн. доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 фоиз кам шудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 421,6 млн. доллари ИМА — ро ташкил намуд, ки баробари 106,7 фоизи сатҳи ҳамин давраи соли 2014 мебошад.
Ин нишондиҳанда асосан бинобар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 6421 тонна пахта ба маблағи 5 млн. доллари ИМА, 35,2 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 2,1 млн. доллари ИМА, 697 тонна калобаи пахтагин ба маблағи 610,5 ҳазор доллари ИМА зиёд содирот шудан ба вуҷуд омад.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






