Акбаралӣ Саттор-шахсияти ватанпарваре, ки мардумро рўзномахон кард
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ба пешвози Анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки ин лаҳзаҳо дар маҷлисгоҳи «Шарқи Озод» ҷараён дорад, нашриёти «Шарқи Озод» китоби «Акбари бузург»- маҷмўи мақолаву ёддоштҳоро бахшида ба хотираи равоншод Акбаралӣ Саттор, раиси пешинаи Иттифоқи журналистон аз чоп баровард.
Акбаралӣ Саттор на танҳо раиси ИЖТ, балки ҳамдаму ҳамроз, мушовиру мададрасон, устоди меҳрубони аксари журналистони ҷавони кишвар, сухангустар, маҳфилоро, Ватанпарвар ва Ватандўст буд.
Аксари журналистон Акбаралӣ Сатторро ҳамчун роҳбалад, идеяофар ва мушкилосонкун ба ёд меоранд.
Бузургтарин хизмати Акбаралӣ дар 23 соли соҳобистиқлолии кишвар он аст, ки дар замони пас аз нобасомониҳо мардумро рўзномахон кард. Акбаралӣ барои ҷамъияти ташнаи маънавиёт рўзнома пешниҳод намуд, то ин ки мардум иштиҳои хонданро пайдо намояд.
Афсўс, сад афсўс, ки Акбаралӣ Саттор-марди хирад, марди Ватан, марди сухан, марди заковату фаросат садҳо нақшаву ниятҳои созандаи журналистиро бо худ бурд.
Зиҳӣ миллате, ки чунин фарзанди оқилу фозил ва ватанпарвар дорад!
Дар табъу нашри ин китоб муҳаррири масъул Умари Шерхон саҳми калон гузоштааст.
Китоб бо дастгирии директори нашриёти «Шарқи Озод» Ёқубҷон Исмоилзода ба чоп расид.








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






