Бартараф шудани беш аз 7 ҳазор ҳолати вайронкуниии қонунгузории замин

Январь 18, 2016 10:34

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ Ятимзода Акбар дар соли 2015 аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳалҳо 10 ҳазору 978 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, нисбат ба 9 ҳазору 536 ҳолат дастур, 7 ҳазору 894 ҳолат санад ва қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуда, ба маблағи 2 млн 628 ҳазору 420 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин 2 млн. 116 ҳазору 700 сомонӣ ё 80,5 % маблағи ҷарима ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замин ворид шудааст.
Инчунин барои додани баҳои ҳуқуқӣ 652 мавод ба прокуратура, 1086 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол шуда, 7 ҳазору 102 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф шудааст.

Январь 18, 2016 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад