Дар ДДТТ ҳолати корупсионӣ ба қадри имкон аз байн бурда шуд

Январь 27, 2016 07:40

Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Вобаста ба бартараф кардани ҳолатҳои коррупсионӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Мо қабл аз фаъол гаштани Маркази милии тестӣ,  аз соли 2007 маркази ягонаи тестиро дар донишгоҳ таъсис дода  будем. Донишҷӯён ҳамаи имтиҳонҳоро дар ҳамин ҷо месупориданд ва ин иқдом пеши роҳи  ришваситониро аз байн бурд». Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии кишвар Убайдулло Қурбон иброз дошт.

Бино ба гуфтаи ректор имрӯз дар донишгоҳ масъалаи  ришваситонӣ  хеле кам гаштааст. “Он ҳарчанд пурра набошад ҳам, ба қадри имкон  аз байн бурда шуд. Мо  сандуқҳои шикоятӣ ва почтаи электронии ректорро фаъол кардаем ва аз тариқи он донишҷӯёну хоҳишмандон метавонанд бевосита ба мо муроҷиат кунанд”,-илова намуд ректор.

Убайдулло Қурбон афзуд, ки пас аз ба кор шуруъ кардани Маркази милии тестӣ кори онҳо низ осон шудаасту овозаҳо дар мавриди гирифтани пора ҳангоми дохилшавӣ аз байн рафтааст.

 

Январь 27, 2016 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд