Дар форуми Давос беш аз 40 нафар сарони давлату ҳукуматҳо иштирок мекунанд

Январь 14, 2016 09:22

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷаласаи анъанавии ҳарсолаи Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (ФУИ), ки 20 — 23 январ дар шаҳри Давоси Швейтсария баргузор мегардад, беш аз 40 нафар сарони давлату ҳукуматҳо иштирок менамоянд. Мавзӯи мулоқот «Инқилоби чоруми саноатӣ» мебошад, хабар медиҳад ТАСС зимни истинод ба иттилои ташкилкунандагони ҷаласа.
Дар Давос ҷамъан беш аз 100 кишварро интизоранд. Дар рӯйхати даъватшудагон президентҳои Олмон, Швейтсария, Афғонистон, ҶАҶ ва Мексика, сарвазирони Британияи Кабир, Фаронса, Юнон, Канада ва Аргентина зикр ёфтаанд. Ба ҳайати намояндагони Амрико бо роҳбарии ноиби президент Ҷо Байден, аз ҷумла, котиби давлатӣ Ҷон Керри ва вазири мудофиа Эштон Картер шомиланд.
Мубоҳиса ба масоили мубрами имрӯза аз қабили мубориза бо терроризм то ҷавоби муштараки башарият ба тағйири иқлим бахшида мешавад, ки дар он беш аз 2,5 ҳазор нафар сиёсатмадорон, роҳбарони ширкатҳои калон, намояндагони намоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои академӣ, ВАО ва бахши саноат иштирок менамоянд.
Ба фикри раиси иҷроияи Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ Клаус Шваба, Инқилоби чоруми саноатӣ яке аз тазодҳои калонтарин ба шумор меравад, бинобар ин башарият бояд «дарк намояд, ки технологияҳое, ки ҷиҳатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва фарҳангиро такомул медиҳанд, ҳаёти мо ва ҳаёти наслҳои ояндаро чӣ гуна тағйир хоҳанд дод».

Январь 14, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд