Дар ҷумҳурӣ 61 муассисаи томактабии хусусӣ фаъол аст

Январь 11, 2016 11:19

Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷумҳурӣ 61 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 4 муассиса, дар вилояти Суғд — 27 муассиса, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -8 ва дар шаҳри Душанбе 22 муассиса. Ин нуктаро имрӯз, 11 январ зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддини Саид таъкид намуд.
Бино ба иттилои вазир, дар соли 2015 дар вилояти Суғд 5 адад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 4 ва шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимии хусусӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
«Соли таҳсили сипаригардида зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро 111620 нафар хатм намуда, 73700 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 39672 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардиданд”,-илова намуд Нуриддини Саид.
Соли таҳсили гузашта зинаи таҳсилоти умумии асосиро 167 603 нафар хатм намуда, ба зинаи сеюми таҳсилот 123 009 нафар барои идомаи таҳсил қабул шуданд, ки 73,3 % ташкил медиҳад. Агарчанде 8388 нафар таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 3676 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ идома додаанд, вале 31922 нафар бо сабабҳои гуногун таҳсил намекунанд.

Январь 11, 2016 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд