Фарҳанг: Дар соли 2015 муассисаҳои консертӣ фаъолияти пурсамар доштанд

Январь 19, 2016 11:40

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев соли сипаришуда дар зиёда аз 90 чорабинии фарҳангӣ ҳунарнамоӣ намуда, 11 сафари ҳунарӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат анҷом дода,75 суруд, 15 оҳанг эҷод ва 10 рақси нав таҳияву 8 асари мусиқӣ аз ҷониби оркестри созҳои миллӣ сабт гардида, барномаи Хори камеравӣ, барномаи фолклории «Наврӯзнома» ва маросиму анъанаҳои миллӣ аз ҷониби ансамбли «Ганҷина» таҳия гардидаанд.
Ҳайати эҷодии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, инчунин дар Фестивали байналмилалии «Эҷодиёти фарҳангии халқиятҳо» — «Бэрдэмлек» дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия ширкат варзид. Дар ин муддат 14 сафари ҳунарӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат анҷом дода, 92 барномаи ҳунариро бо ҷалби зиёда аз 25 ҳазор аҳолӣ баргузор намуданд.
Ҳунарпешагони Ансамбли «Сомон» низ дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъол буданд ва 8 сафари ҳунариро ба шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом доданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода дар ҳайати нав фаъолияташро ба роҳ монда, бо барномаи нави худ дар аксари чорабиниҳои фарҳангӣ ва дар ҷашнвораи байналмилалӣ Фестивал-озмуни рақси якка ба номи Маҳмуд Эсамбаев дар шаҳри Грознийи Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардиданд.
Кормандони Маркази эҷодии «Илҳом» дар таҳияи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашнҳо, барои иштирокдорони Конфронс оид ба натиҷаҳои татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015», ташрифи Сарвазири Давлати Исломии Афғонистон, барномаи консертӣ бахшида ба «Рӯзи оила», иштирокдорони ҷаласаи 38-уми роҳбарони хадамоти амнияти ИДМ, ҷаласаи 73-уми Фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, Рӯзи милитсияи тоҷик ва Рӯзи кормандони амнияти миллии Тоҷикистон саҳм гузоштанд.
Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Кӯлоб саҳмгузорӣ намуда, дар доираи ҳамкории фарҳангӣ дар ҷашни Наврӯз дар Фестивали байналмилалии созҳои зарбӣ дар шаҳри Мусқати Салтанати Уммон дар Ҷумҳурии Кувайт ширкат варзиданд.

Январь 19, 2016 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд