Мулоқоти Қ. Расулзода бо директори генералии БОР

Январь 18, 2016 11:43

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо директори генералии Бонки осиёии рушд Шон О Саливан мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили ҳамкории молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд дар шароити таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо асосан ба масоили таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дахл карда, доир ба татбиқи нақшаҳои тарҳрезишудаи ҳамкорӣ дар бахши молия, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва илму маориф барои соли 2016 табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот ҳарду ҷониб аз сатҳу сифати ҳамкории 20-сола дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои рушди ин муносибатҳоро манфиатбахш арзёбӣ карданд.

Январь 18, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад