Таваҷҷуҳи Пешвои миллат Э. Раҳмон ба амали ғайриинсонии ҷангии «Давлати исломӣ»
Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар нисбат ба амали ғайриинсонии ҷангии суриягии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», ки дар назди омма модарашро ба қатл расонд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Сарвари давлат аз ҷумла гуфт: «Ҳамаи мову шумо аз ҳодисае, ки ҳафтаи гузашта дар Сурия рух дод, огоҳ ҳастем. Ин ҳодиса бисёр ваҳшатангез аст. Вақте террорист модари худро ваҳшиёна қатл мекунад, модареро, ки фарзандашро аз чанд кишвар, бо чӣ гуна азобу ранҷ кофтукоб карда, меёбад- ин ислом аст? ин дин аст? Ин ваҳшоният аст! Ҳол он ки Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ҳама кишварҳои исломӣ ҳастанд. Инро ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид карда мегӯям, зеро ки мову шумо дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳамаи ин бадбахтиҳоро аз сар гузарондем».
Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъият дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.
Бори дигар аз мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон даъват карда шуд, ки дар муқобили ин хатарҳо муттаҳид бошанд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба фиребу гумроҳсозиҳои ифротгароёни тундрав дода нашаванд.








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






