Ба саҳифаи асосӣ

Фотогалереяҳо

С. Тағойзода масъалаи шуғли аҳолиро бо  Питер Фернандес Карди баррасӣ намуд

С. Тағойзода масъалаи шуғли аҳолиро бо Питер Фернандес Карди баррасӣ намуд

🕔17:57, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид бо роҳбари нави Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир дар Осиёи Марказӣ Питер Фернандес Карди вохӯрд. Зимни мулоқот тарафҳо бештар ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ,

Матни пурра
Футзали Осиё дар Тошканд

Футзали Осиё дар Тошканд

🕔17:33, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Тошканд бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё аз футзал оғоз ёфтанд. Дар гурӯҳи “А” соҳибони майдон- дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бар меҳмони худ-дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 5 бар 2 пирӯз гардиданд. Дар ин гурӯҳ футзалистони

Матни пурра
Мусобиқа барои  Ҷоми ФФТ оғоз ёфт

Мусобиқа барои Ҷоми ФФТ оғоз ёфт

🕔15:10, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»). Дирӯз дар майдони дуввуми марказии пойтахт мусобиқаи дастаҳои минтақаи марказ барои Ҷоми ФФТ шурӯъ шуд. Дар бозии аввал дастаи “Регар ТадАЗ” бар “Помир”-и Душанбе, ки асоси дастаи мунтахаби наврасони мамлакатро ташкил медиҳад, бо натиҷаи 2 бар

Матни пурра

Ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ дар назди вазири корҳои дохилӣ

🕔15:09, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар назди вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ бо иштироки роҳбарияти сарраёсат, раёсат ва дигар ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи васеи фаврӣ-хизматӣ масъалаҳои мавриди иҷро қарор додани дастуру супоришҳои

Матни пурра

Айнӣ: Мулоқот доир ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат

🕔14:36, 11.Фев 2016

Айнӣ, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Айнӣ бо ҷалби гурӯҳҳои тарғиботӣ дар маҳалҳо бо ҷавонон ва собиқадорон вохӯриву суҳбатҳо гузаронида

Матни пурра

Нашри китоби нодир

🕔14:34, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба 3000- солагии Ҳисор беш аз 40 китоби гуногун интишор ёфт, ки девони ғазалиёти Ҷазбии Ҳисорӣ аз ҷумлаи онҳост. Мураттиб ва баргардонанда аз ҳуруфи форсӣ — арабӣ ба кириллӣ шарқшиноси пуркору ҷўянда Акрамзода Сайфиддин мебошад.

Матни пурра

Оҳуи холдор дар дараи Қаратоғ

🕔14:34, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Табиати зебои дараи Қаратоғ ҷойи дўстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор дорад. Хоҷагии ҷангалу шикори Қаратоғ дар кори барқароркунӣ ва бунёди ҷангалзори нав саҳми муносиб дорад. Хоҷагиро марди чашмикордону табиатдўст Маҳмадназар Тўраев сарвар аст. Алҳол кормандони хоҷагӣ

Матни пурра

Ҳалокати се нафар дар садамаҳои нақлиётии ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров

🕔14:27, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-10-уми феврал ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», сокини 37-солаи шаҳри Чкалов, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди «Конибодом-Ғафуров», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Портер» таҳти идораи сокини

Матни пурра

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Ишонқулӣ Аманлиев

🕔14:26, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 11 феврали соли 2016 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишонқулӣ Аманлиев доир гардид. Зимни мулоқот масоили омодагӣ ба сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ

Матни пурра

Хатлон: Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо амалӣ мегардад

🕔12:01, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи навро оид ба саломатӣ ва ғизо дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон муаррифӣ намуд. Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи оила,

Матни пурра

Ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар Чкалов

🕔12:00, 11.Фев 2016

Чкалов, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар шаҳри Чкалов аз ҷониби шуъбаи бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Дар ярмарка 7 корхона иштирок карда, аз ҷониби корхонаҳо 58 ҷойи

Матни пурра

«Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо»

🕔11:51, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасии китобҳои забоншиноси тоҷик Сайфиддин Назарзода доир гардид. Зимни баррасӣ доктори илмҳои филология Шамсиддин Солеҳов китоби «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо»-ро муаррифӣ намуда, саҳми муаллифро дар истилоҳшиносии забони тоҷикӣ бағоят

Матни пурра

Покистон: Дар натиҷаи таркиши мошини гази моеъдор 15 нафар ба ҳалокат расид

🕔11:49, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои ВАО-и Покистон, дар музофоти Панҷоби ин кишвар мошини гази моеъдор бо мошини дигаре бархӯрд, ки дар натиҷа таркиш рух дод. Бар асари ин таркиш на кам аз 15 нафар, аз ҷумла 10

Матни пурра
Иштироки омӯзгор ва равоншинос дар ҷараёни тафтиш ва  мурофиаи судӣ ҳатмист

Иштироки омӯзгор ва равоншинос дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ ҳатмист

🕔11:45, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016.(АМИТ «Ховар»).- Минбаъд ҳам дар ҷараёни тафтиш ва ҳам дар мурофиаи судӣ пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни 16-сола нарасида иштироки омӯзгор ва равоншинос ҳатмист. Дар ин росто вакилони палатаи поёнии кишвар ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру

Матни пурра
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

🕔11:40, 11.Фев 2016

ЗАРУРАТИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   Якум. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ

Матни пурра
«Заминбозӣ, заминсозӣ, заминдуздӣ», «Кодекси мадании Тоҷикистон», «Чор пиру чор тадбир», «Бӯсаи мома», «Маҳбаси пулакӣ» ва дигар мақолаҳое, ки дар матбуот чоп шуданд

«Заминбозӣ, заминсозӣ, заминдуздӣ», «Кодекси мадании Тоҷикистон», «Чор пиру чор тадбир», «Бӯсаи мома», «Маҳбаси пулакӣ» ва дигар мақолаҳое, ки дар матбуот чоп шуданд

🕔11:36, 11.Фев 2016

Душанбе,11.02.2016 (АМИТ «Ховар»). – Дар шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 9-уми феврали соли равон ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон инъикос шуда, дар иттилоия омадааст: «Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вусъати корҳои ободонию

Матни пурра

Хуҷанд: Мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол миёни наврасон

🕔10:48, 11.Фев 2016

Хуҷанд, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд оид ба ҷалби ҷавонон ва наврасон ба варзиш дар шаҳри Чкалов мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни наврасон баргузор гардид. Чуноне аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии

Матни пурра

ДМИТ: Татбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён

🕔10:46, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи созишномаи ҳамкории байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар барномаи мубодилаи донишҷӯён амалӣ гардида, тибқи ин барнома 8 донишҷӯ аз факултаҳои мухталифи донишкада барои таҳсил дар давраи баҳории соли 2015-2016

Матни пурра

Бо “сиёсати дугона” наметавон бар зидди терроризм мубориза бурд!

🕔10:07, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016.(АМИТ „Ховар“).-Солҳои охир иддае аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо истифода аз эҳсосоти диниву мазҳабии мардум ва махсусан мусулмонон ба қавли машҳур обро лой карда, моҳӣ мегиранд. Ба он нигоҳ накарда, ки дини мубини ислом бо таълимоти саршор аз некиву накукорӣ

Матни пурра

Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи Ambiente

🕔09:54, 11.Фев 2016

Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ — Ambiente, ки аз 12-ум то 16-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад. Шумораи иштирокдорони ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон

Матни пурра

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Февраль 2016
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Янв   Мар »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-