4 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 1500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд

Февраль 3, 2016 15:04

Душанбе, 03.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати Кока-Кола ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжушнг тай моҳирсемент» созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонид, ки бо тадбиқи босамари он 4 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 1500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд. Ҳоло барои амалишавии онҳо 200 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст. Ин нукта маҳз дар нишасти хабарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки имрӯз баргузор гардид, мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ зикр гардид, ки воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар соли 2015-ум 7,6 млрд .сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 533 млн. сомонӣ зиёд аст.

Февраль 3, 2016 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд