Даргузашти Асадулло Саъдуллоев: илми журналистика як мактаби худро аз даст дод

Февраль 4, 2016 11:17

Душанбе,04.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Асадулло Саъдуллоев, яке аз асосгузорони журналистикаи миллӣ дар Тоҷикистон субҳи имрўз баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 76 бар асари бемории саратон аз олам даргузашт. Дар назар аст маросими дафни марҳум, имрӯз 4- уми феврал дар километри 9-уми шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Асадулло Саъдуллоев 22-юми сентябри соли 1940 дар деҳаи Карсанги шаҳри Ваҳдат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, бахши филологияи онро соли 1962 хатм кардааст. Фаъолияташро дар ягона шабакаи телевизиони давлатии кишвар чун муҳаррири барномаҳо оғоз кардааст. Аммо ду сол баъд ба кори газета гузашта ва муддати 17 сол дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон», «Тоҷикистони советӣ» дар вазифаҳои мудири шуъба, котиби масъул ва ҷонишини сармуҳаррир кор кардааст.
Асадулло Саъдуллоев ҳамзамон дар баробари кори журналистӣ ба кори илмӣ низ пардохта, соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториро ҳимоя намуд. Асадулло Саъдуллоев дар баробари кор дар нашрияҳои мухталиф ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шуда, дар факултаи журналистика дарс мегуфт. Солҳои 1992-2002, 2007-2009 мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ ва солҳои 2002-2005 декани факултаи журналистикаи ДМТ буд. Асадулло Саъдуллоев муаллифи беш аз 40 асари илмӣ ва беш аз ҳазор мақолаи публитсистӣ мебошад.
Асадулло Саъдуллоев узви Иттифоқи журналистон (1965) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992) буд. Номбурда Аълочии маориф, фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи Ифтихорномаи Совети Олии РСС Тоҷикистон аст.
Соли 1998 барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони кишвар ба номи Лоҳутӣ шуда, худи ҳамон сол бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардид.

Февраль 4, 2016 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон