Пардабардорӣ аз нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

Февраль 26, 2016 11:31

Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 25-уми феврал дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи марҳум генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард. Бо дастур ва раҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимпайкараи ин родмарди ватандўст, ки дар гузаронидани амалиёти сохторҳои қудратии мамлакат бар зидди гурўҳҳои исёнгари террористӣ тирамоҳи соли 2015 иштирок карда, матонату шуҷоати беамсол нишон дод, дар муддати кўтоҳ бунёд гардида, дар саҳни ҳавлии Литсейи касбӣ-техникии ноҳия ба номи Рустам Амакиев қомат афрохт.
Дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи генерал-майор Рустам Амакиев ҳамчунин роҳбарияти вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Восеъ ва наздикону пайвандони собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, аз корнамоии беамсолаш дар ҳифзу гиромидошти манфиатҳои миллии давлату миллат ба некӣ ёд оварданд.
Тавре ки таъкид гардид, хизматҳои ин родмарди ватандўст чун дигар ҷоннисорон баъд аз марг аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи ҳарбии генерал-майор ва ордени Спитамен қадршиносӣ шуда, дар зодгоҳаш — ноҳияи Восеъ як литсейи касбӣ-техникӣ ва дар ноҳияи Панҷ як дидбонгоҳи сарҳадӣ ба номи ў гузошта шуд.
Баъд аз иштирок дар ин чорабинӣ Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо вазъи корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, ки дар маҷмўъ 89 км-ро ташкил медиҳад, шинос шуд. Навсозӣ ва таҷдиди роҳи мазкур дар доираи Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд амалӣ гардида, фармоишгар Маркази татбиқи лоиҳа ва таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ширкати «Синохайдро»-и ҶМЧ ва машваратчии лоиҳа Ширкати «СМЕК Интернешнл»-и Австралия мебошанд. Ҳоло омодасозию навсозии қисматҳои алоҳидаи роҳ дар мавзеъҳои мушкил идома дошта, то имрўз нишондиҳандаи иҷрои корҳо ба 65 фоиз баробар шудааст. Дар иҷрои корҳои навсозӣ ва таҷдиди роҳ наздик ба 250 нафар ҷалб шудааст, ки 200 нафари он коргарони маҳаллӣ мебошанд. Техника ва таҷҳизоти роҳсозию сохтмонӣ дар иншоот 180 ададро ташкил медиҳад. Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ масъулини ташкилоту идораҳои роҳсозии мамлакатро барои мукаммалсозии нақшаи корҳои тақвимӣ дар иншоот, иҷрои босифати корҳои омодасозии қабати аввали роҳ дар мавзеҳои мушкил, кўпрукҳо ва дар маҷмўъ, татбиқи пурраи лоиҳаи навсозӣ ва таҷдиди роҳи мошингард вазифадор намуд. Дастур дода шуд, ки ба корҳои навсозӣ ва таҷдиди роҳ суръат бахшида, шумораи коргарон ва техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ низ зиёд карда шаванд.
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувони вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд. Тавре асноӣ шиносоӣ таъкид карда шуд, дар ноҳияи Ховалинг мавзеъҳои хавфнок, ки беҳдошти корҳои соҳилмустаҳкамкуниро тақозо менамоянд, масофаи беш аз 1600 метрро дар бар мегиранд. Барои таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои наздик ба маҳаллаҳои аҳолинишин, ҷалби техникаю таҷҳизоти зарурии корӣ, таъмини масолеҳи даркории сохтмонӣ, аз қабили семент ва симтӯрҳо, инчунин ҷалби бештари қувваи корӣ аз ҳисоби аҳолии таҳҷоӣ тавассути ташкили ҳашарҳои оммавӣ масъулини соҳа вазифадор карда шуданд.

Февраль 26, 2016 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт
Мавҷудияти деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҷони нафарони зиёдро наҷот додааст
«ЗАНОН ВА ПАЁМ». Дар Хатлон 50 ҳазор занон дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд
Дар роҳҳои кӯҳию наздикӯҳии Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва резиши сангу рег пешбинӣ мешавад
Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
Чаро ғизои дар ҳавопаймо дастрас маззаи хӯроки маъмулиро надорад?
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Бори аввал дар самти бемории рагҳои мағзи сар ҷарроҳӣ ба тариқи эндоскопӣ гузаронида шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд?
«МАҚОМИ ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид