Р.Назарзода: Оила ва мактаб дар тарбияи ҳисси ватандўстии ҷавонон нақши калидӣ мебозанд

Февраль 22, 2016 15:41

Душанбе, 22.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як муҳофизи ватан бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан–модар ва халқу давлати соҳибистиқлол буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Афсарону  сарбозони шуҷои кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан–модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд. Вале имрӯз ҳастанд ҷавононе, ки аз хизмат кардан дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи кишвар саркашӣ мекунанд. Вабаста ба ин ва дигар масъалаҳо сӯҳабе доштем бо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Назарзода Рустам.

«Ховар»: Муҳтарам Рустам Назарзода сараввал мехостем Шуморо бо 23–юмин солгарди таъсиси Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандӣ ва комёбиро  таманно намоям.   Ба андешаи Шумо,  марди асил чӣ гуна бояд бошад?

Р. Назарзода:  Ман фикр мекунам, ки хислати муҳим дар мард-ин масъулиятшиносии ў аст. Умуман, чӣ дар мард ва чӣ дар зан бояд чунин хислат бошад, лекин дар мард он бояд бештар бошад. Зеро  ў пеш аз ҳама саробон ва муҳофизи оила, ҷомеа, миллат ва Ватан аст. Мард бояд қавиирода ва ҷисман обутобёфта бошад, то  Ватани худро аз ҳама хатарҳо ҳимоя карда тавонад ва наздикони ӯ бовар дошта бошанд, ки дар зери ҳимоя ҳастанд.

«Ховар»: Мегуфтед, ки оё зарур аст, ки ҳар як ҷавонмард ба ватанаш хизмат намояд?

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар як ҷавонмард аст. Бинобар ин, хизмати ҳарбӣ, ки имтиҳони ҷавонмардӣ ба ҳисоб меравад, барои ҷавонон як имтиёзест, ки ҷавонмардии худро исбот намуда,  бо ин восита беҳтарин неъмат Модар -Ватанро ҳифз кунанд.

Хурсандиовар он аст, ки баҳри мардона ҳифз намудани Ватани азизамон -Тоҷикистон имрўз ҷавонон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда истодаанд. Ин аз ватандўстӣ ва мардиву мардонагии ҷавонони мо  дарак медиҳад. Агар ин Ватанро мо ҳифз нанамоем, пас кӣ ҳимоятгари он мешавад? Ҳар як ҷавонмарди бонангу номус намегузорад, ки тинҷиву оромии оилааш, миллаташ халалдор гардад. Албатта, ман ҷонибдори он ҳастам, ки ҳар як ҷавонмард қарзи худро дар назди Ватан-Модар иҷро намояд.

 

«Ховар»: Хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавон меноманд, пас бояд шароити хизматбарӣ низ ҷавобгўи талабот бошад. Дар ин маврид Шумо чӣ андеша доред?

Р. Назарзода: Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба муҳайё сохтани базаи моддию техникӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити хизматию маишӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Агар муқоиса намоем, танҳо дар даҳ соли охир, дар ин муддати ниҳоят кўтоҳ дар артиши мо дигаргуниҳои куллӣ ба чашм мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрўз дар миқёси кишвар қисмҳои ҳарбии нав таъсис дода шуда, барои фароҳам овардани шароити муътадили зиндагӣ ва пешбурди хизмат садҳо иншооти замонавии ҷавобгў ба талаботу меъёрҳои ҳарбӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд. Таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ бо озуқаворӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва амволи лозима низ беҳтар гардидааст. Шумораи ҷавононе, ки дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, сол то сол зиёд шуда истодаанд. Кушодашавии Донишкадаи ҳарбӣ ин худ яке аз шаҳодати беҳбудии шароит барои хизмат аст, чунки чунин муассисаҳо имконият медиҳанд, ки кадрҳои ботаҷриба ва муттахассисони ҷавон дар артиш кору фаъолият намуда, саҳми худро барои ҳифзи марзу бум гузоранд.

 «Ховар»: Инҷо Шумо дар мавриди таҳсил дар хориҷа ёдовар шудед. Оё имрўз артиши мо ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгў мебошад?

Р. Назарзода: Ҳукумати мамлакат аз рўзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишварро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ дониста, дар баробари дигар тадбирҳои зарурӣ барои ташкил намудани ҷузъу томҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ барои ҳайати шахсии онҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Имсол аз таъсисёбии Артиши миллии кишварамон бисту се сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддат ҷузъу томҳои он ба нерўи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфтааст.

Мехоҳам аз паради ҳарбии соли 1993 ин ҷо ёдовар шавам. Дар  он солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ артиши ҷавони мо, якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомўш кардани ошубҳои хиёнаткорона саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

Дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти чангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд.  Мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша ва хусусан, дар чунин рўзҳои ҷашн гиромӣ медорем.

Ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи бисту се сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, аз ҷумла ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрўз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рўҳияи баланди ватандўстӣ хизмати модар-Ватанро адо карда истодааст.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар натиҷаи тадбирҳои амаликардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло соҳиби инфрасохтори замонавӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ мебошанд.

 «Ховар»: Барои баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон нақши оила чӣ таъсир дорад.

Р.  Назарзода:  Ватандўстӣ беихтиёр аз оила оғоз шуда, то анҷоми ҳаёт метавонад бо кас монад. Чунки ҳама оғозҳо маҳз аз оила сар мешаванд. Тарбияи дуруст имконият медиҳад, ки дар қалби ҳар як ҷавонмард нисбат ба меҳани худ меҳр ва масъулияти баланд танинандоз бошад. Дар ин ҷо бояд зикр намуд, ки маданияти шаҳрвандии волидайн низ нақши калидӣ мебозад. Амалҳои падару модар барои фарзандон ибратомўз мебошад. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуд.

«Ховар»: Барои ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мактаб чӣ корҳоро бояд анҷом диҳад ва ҷавононро дар кадом рўҳия тарбия намояд?

Р. Назарзода: Чӣ тавре, ки мо медонем, мактаб дар тарбияи ҳисси ватандўстӣ нақши калидиро мебозад. Омўзгорон дар дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ, инчунин дар соатҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ маҳз барои дар дили насли наврас бедор кардани ҳисси ватандўстиву меҳанпарастӣ, ҳимояи марзу буми он аз хатарҳои гуногун машғулиятҳо мегузаронанд. Ин машғулиятҳо заминаи асосӣ барои ҳимоятгарони  ояндаи кишвар мебошад.

Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии насли наврас, пешгирӣ намудани воридшавии онҳо ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон бояд аз имкониятҳои воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои радиову телевизион, инчунин шабакаи интернет ба пуррагӣ истифода бурд. Зеро,  ин ҳама воситаҳои муосир дар роҳи таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии саривақтии сўиистифода аз шабакаи Интернет барои таблиғи тундгароӣ дар байни наврасон ва ҷавонон нақши муҳимро мебозанд.

«Ховар»: Таманиёти Шумо ба муҳофизони Ватан ва ҷавонони тоҷик.

Р.Назарзода: Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи муҳофизони Ватанро бо ҷашни 23-юмин солгарди ташкилшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама саломатӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ ва пирўзиро таманно дорам.

Бигзор ҳар як ҷавонмарди баномуси миллат қарзи худро дар назди Ватан-Модар фаромуш накунад!

Суҳбаторо Лайло Қосимова

 

Февраль 22, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд