БАТР стратегияи нави “Тоҷиксодиротбонк”-ро дастгирӣ намуд

Март 14, 2016 17:40

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи рушди сохтори бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз, ба монанди «Тоҷиксодиротбонк»-ро (ТСБ) баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо инчунин кӯшишҳои БМТ-ро барои паст кардани таъсири буҳрони минтақавӣ ба низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.
БАТР стратегияи нави “Тоҷиксодиротбонк”-ро, ки он ба таҳкими сармоядории бонк, таъмини рушди бештари он, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, аз ҷумла тавассути ҷалби сармоягузорони институтсионалии нави хориҷӣ, ки ба сохтори сармояи бонк нигаронида шудааст, хуш пазируфт ва аз он дастгирӣ намуд. БАТР умедвор аст, ки дар амал татбиқ шудани ҷараёни мазкур ба БАТР барои аз нав оғоз намудан ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба бо ТСБ имконият медиҳад.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби БАТР Георгий Орлов, директори Шуъбаи ташкилоти молиявӣ дар Русия, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, Артур Погосян, муовини директор, пешбарандаи тиҷорат дар ташкилоти молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ричард Ҷонс, директори намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Аз ҷониби БМТ дар вохӯрӣ муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромов ширкат варзиданд.

Март 14, 2016 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд