Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Корея

Март 30, 2016 11:17

Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 30 марти соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин форум таъмин ва таҳким намудани рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Корея мебошад.
Дар кори форум, ки бо ҳамоҳангии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва баргузор гардид, беш аз 100 соҳибкор аз ду кишвар ва иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ кори форумро оғоз карда, иштирокдорони бизнес-форумро хайра мақдам гуфт.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Ук Хен ва Президенти Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рен бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар шароити кунунӣ муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея, ки дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ асос меёбад, батадриҷ равнақ меёбанд. Аз ҷумла, ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар дар соли 2015, 19,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳамзамон ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Корея иқтидори зиёди истифоданашуда барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тиҷорат, гидроэнергетика, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиётро доранд.
Инчунин барои таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар ҷараёни Форуми мазкур мавзӯъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOIСА) иштирок мекунад.
Сиёсати пайгиронаи «дарҳои кушода»-и роҳбарияти олии сиёсии кишвар барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар мамлакат мусоидат карда истодааст.
Омилҳои асосии ҷалби сармоя, пеш аз ҳама, суботи сиёсӣ, қонунгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ, иқлими муносиб, дастрасии боигариҳои табиию канданиҳои фоиданок ва қувваи кории арзону соҳибтахассусро дар бар гирифта, муҳайё намудани шароит барои рушди соҳибкорию тиҷорати байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад.
Инчунин ҷойгиршаваии ҷуғрофии Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дошта, он имкон медиҳад, ки пайвандгари давлатҳо дар минтақа гардад.
Таърихан Тоҷикистон тавассути Роҳи Абрешим мақоми махсусро дар савдои байни давлатҳо ва мубодилаи фарҳангӣ дар минтақа дошт, ки тибқи он муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ байни кишварҳои шарқу ғарб амалӣ мешуданд.
Яке аз афзалиятҳои фазои сармоягузории мамлакат- ин ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар ин самт ислоҳоти муҳим гузаронида шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид ва Конвенсияи Ню-Йорк оид ба эътирофи қарорҳои арбитражии хориҷӣ ва Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ба тасвиб расонида шуд, ки барои ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.
Қонунгузории амалкунанда зиёда аз 60 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳои андозию гумрукиро муайян намудааст.
Аз ҷумла, вобаста ба ҳимояи моликияти хусусӣ, дахолатнопазирии фаъолияти иқтисодӣ, инчунин имтиёзҳои махсуси иловагӣ ба соҳаҳои стратегии иқтисодиёт ба монанди бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, коркарди алюминий, нахи пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шуда, байни сармоягузорони ватанию хориҷӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ низоми ягона ташаккул ёфтааст.
Ба сармоягузорон ва кормандони хориҷӣ ҳуқуқи ба хориҷа интиқол додани маблағи даромади онҳо ва музди меҳнат бо асъори хориҷӣ, ки ба таври қонунӣ аз сармоягузориҳо ва фаъолияти истеҳсолӣ ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.
Корхонаҳои молистеҳсолкунандаи навтаъсис вобаста ба ҳаҷми сармоягузориҳо ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз андоз аз фоида озоданд.
Субъектҳои чор минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар манотиқи гуногуни кишвар таъсис дода шудаанд, дар доираи фаъолияти амалишаванда ва молу мулки истифодашаванда аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз ва уҳдадориҳои андозии муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба истиснои андози иҷтимоӣ пурра озод карда мешаванд.
Ғайр аз ин бо қабули Қонун «Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ» ширкатҳои дорои лоиҳаҳои азим имконият пайдо намуданд, ки вобаста ба хусусияти лоиҳа ва таваккалҳои пешбинишаванда аз давлат имтиёзу кафолатҳои махсуси иловагиро дархост намоянд.
Қонунгузории амалкунандаи кишвар қариб ҳамаи шаклҳои иштироки сармоягузоронро дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ аз тариқи таъсиси ширкатҳои саҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд пешбинӣ намуда, вобаста ба соҳа кафолати манфиатҳои онҳоро аз тариқи созишномаи сармоягузорӣ, созишномаи тақсимоти маҳсулот, созишномаи консессионӣ ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ тавассути усулҳои (BOT) Buildoperatetransfer (билд опирейт трансфер) ё бо ибораи дигар «Сохтмон — идоракунӣ — супоридан» ва (ВОО) Build-Own-Operate (билд он оперейт) «Сохтмон — ихтиёркунӣ — идоракунӣ» таъмин менамояд.
Тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи батанзимдарории муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон дод, ки нишондиҳандаҳои кишвар дар гузориши ҳарсолаи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди Тиҷорат» хеле беҳтар гарданд. Дар солҳои 2010, 2011 ва 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари ислоҳотгари гузориши мазкур шомил гардида, имсол мавқеи ҷумҳурӣ 34 зина боло бурда шуд.
Имрўз бо бовари комил зикр намудан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, содагардонии қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.
Дар доираи Бизнес-форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷинвест ва Ассотсиатсияи дӯстии байни Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Март 30, 2016 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Сомон Эйр» модули фармоиши чиптаҳоро ба кор андохт
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Бо кадом роҳҳо метавон ба он ноил гардид?
Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» гузаронида мешавад
ТО ШАБАКАҲОИ 5G ИНКИШОФ ДОДАНИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӢ. Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ тақвияти кор дар чанд самти асосӣ таъкид гардид
Сарвари давлат: «То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд»
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бузург мебошад
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз 39 миллиард сомонӣ ба 73 миллиард сомонӣ расонида шуд