«Дона-дона марворид» рӯнамоӣ шуд

Март 28, 2016 14:18

Душанбе, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Шоми 26-уми март рӯнамоии китоби нависандаи тоҷики муқими Қирғизистон Шоираи Равшан «Дона-дона марворид» дар қаҳвахонаи «Шукрона» баргузор гардид. Нависанда аз иштирокдорони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз аст, ки дар чорабиниҳои наврӯзии шаҳру навоҳии мамлакат иштирок дошт.
Дар чорабинӣ нависандаи машҳури тоҷик Абдурофеъ Рабизод, нависандаи машҳури тоҷиктабори рус Тимур Зулфиқоров бо ҳамсараш Ирина Дмитрина, Сиёвуш Ҷунайдӣ, ки бо Шоистаи Равшан оз Қирғизистон омадааст ва чандин мухлисону ҳаводорони дигар иштирок намуданд.
Абдурофеъ Рабизод ҳангоми сухангӯӣ Шоистаи Равшан, Тимур Зулфиқоров ва дигар шоирону нависандагони тоҷикеро, ки берун аз Тоҷикистон фаъолияти эҷодӣ доранд, «сафирони фарҳангии Тоҷикистон дар ҷаҳон» номид.
Ирина Дмитрина бо хондани сурудҳои тоҷикӣ ва русӣ табъи ҳозиринро болида гардонид.

Март 28, 2016 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад