Фирӯза Саидова: Ин ҳама самар аз даврони соҳибистиқлолии як модари озоду озодандеши тоҷик аст, ки бо дигар замонҳо қиёснашаванда ҳаст!

Март 7, 2016 14:32

Душанбе, 7.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус барои дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар арафаи Рӯзи Модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

Ба саволҳои мо рӯзноманигори шинохта Фирӯза Саидова посух мегӯяд:

Ховар: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Ф. Саидова: Нахустин вазифаи зан-модари тоҷик барпо намудани оилаи солиму фарҳангӣ ва тарбияи насли шоиста барои миллати соҳибтамаддуни мост. Мактаби асосии тарбия домони модар ва хони падар аст, ки ин ду манбаъ бояд эҳтироми хос ба арзишҳои миллӣ ва таваҷҷуҳ ба дастовардҳои ҷаҳони муоссир дошта бошанд.

Боиси ифтихор аст, ки бонувони соҳибмаърифати даврони соҳибихтиёрӣ бо дастовардҳои илмиву эҷодии хеш дар рушди соҳоти илму маориф, иқтисодиёту тиҷорат ва тандурустиву фарҳанг саҳми арзанда мегузоранд. Аз забонҳои хориҷиву технологияи муосир огоҳу ба забонҳои хориҷӣ баладанд. Дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунанда ифои вазифа доранд ва ҳамзамон фазои хонадонашонро пур аз муҳаббату меҳру садоқат кардаанд. Ин гувоҳи худогоҳӣ, худшиносӣ ва муосир будани бонувони тоҷик аст.

 

Ховар: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва  нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

 

Ф. Саидова: Ояндаи миллат баста ба омӯзишу бунёд аст. Оилаи солим бунёд кардан дар аснои назария ва таҷриба ҳаст. Дар муҳити хонавода ҳамоҳангсозии андеша, рушди тафаккур, ибрози сухани созанда ва албатта, амалан иҷрои он шарт ва зарур аст. Дар ин радиф комёбиҳои ҳар оила аз дараҷаи тарбияи фарзандон вобаста аст. Фарзандонро ба таври шоиста тарбия намудан, муҳаббат ба ватан ва хизмат ба халқу миллатро дар замири эшон ҷо намудан, дар ниҳодашон рӯҳияи далериву ҷасурӣ ва матонату ҷавонмардиро бедор кардан, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносиро талқин намудан ва ба онҳо таъриху фарҳангу илмҳои муосирро омӯзондан аз ҷумлаи вазоифи зан-модари  бомаърифату бомартаба мебошад.

 

Ховар: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? (Ба ибораи дигар зан-модар будан мушкилтар шудаст ва ё баръакс?)

 

Ф. Саидова: Шукр, ки ба саодат расидем, дар фазои осоиштаи ваҳдатосо тараннуми Ваҳдати милливу даврони соҳибистиқлолии меҳани обод мекунем. Ҳамакнун аз мушоҳидаи баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, ба мисли «Чакомаи гесӯ», «Ҷилваи ҳусн», «Таронаи чакан» ва «Гуларӯс», ки ифодагари ифтихори миллӣ ва анъанаҳои ниёгони мо тоҷикон аст, меболем. Дар муаррифии тамаддун ва таърихи бою ғании миллиамон ҳар яки мо бо сабку истеъдоду ҳунари хоси худ саҳм мегузорем. Бонувони фаъол дар риштаи илм низ бо ихтирооти модарии хеш ва иштирок дар семинару симпозиумҳои байналмиллалӣ аз минбарҳои баланд зани тоҷикро муаррифӣ мекунанд. Аз ҳисоби бонувон-олимони ҷавон  ҳимояи номзадӣ ва докторӣ менамоянд, ки ин ҳам симои бонуи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, далел аз мақоми баланди зани тоҷик аст. Дар риштаи варзиш ғолибияти Мавзуна Чориева ва мусиқии Таҳмина Ниёзоваро метавон бо муваффақияти даврони собиқ шӯравии занҳои соҳибистеъдоди тоҷик ҳамрадиф шуморид. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2009 рӯзи 8-уми мартро мо ҳамчун Рӯзи Модар истиқбол мекунем. Аз соли 1999 шумораи занони соҳибмақом ва роҳбар бо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа афзудааст. Занон аз маърифати ҳуқуқии худ бархӯрдор буда, дар риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» масъулияти баланд эҳсос менамоянд. Дар танзими оила ва тарзи ҳаёти солим саҳми назаррас доранд. Ин ҳама самар аз даврони соҳибистиқлолии як модари озоду озодандеши тоҷик аст, ки бо дигар замонҳо қиёснашаванда ҳаст!

 

Ховар: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?

 

Ф. Саидова: Бузургон фармудаанд: «Агар ту худпарастӣ, беҳтараш оила барпо макун». Воқеан оила ҷойгоҳи оромишу осоишу ситоиши зан-модар аст. Аз ин рӯ модарон аз худ бигузашта, чеҳраи нозанинашонро дар оинаи оилаашон пурҷилотару пурнуртар мебинанд. Ҷонфидоӣ, бовафоӣ хоси модарон аст. Аз ин рӯ на соле як рӯз, балки ҳама рӯз эҳтироми арзу ниёзи зан-модар бағоят муҳим аст. Охир пайдост, ки барои қадрашон арзи ҳастӣ доранд.

 

Ховар: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бе маълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

 

Ф. Саидова: Бештари оилаҳои ҷавон, ки пароканда мешаванд, аз омода набудани онҳо ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Омода будан, яъне огоҳ будан аз фалсафаи зиндагӣ, дониши мукаммал доштан, ҳунарҳои пазандагию чеварӣ доштан ва инчунин аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ баҳравар будан ҳаст. Ва албатта, ин ҳама сифатҳоро ба ҷавондухтарон қабл аз издивоҷ модар бояд биомӯзад. Аз одоби меҳмоннавозӣ, ҳамсоядорӣ, фарҳанги хонаводагӣ, миллият дар оила ва пос доштани арзишҳои миллӣ бештар суҳбат бикунад ва амалан намунаҳо орад. Дар хонаводае, ки ин унсурҳо риоя мешаванд, ҳам тамиз ва ҳам маърифати зани соҳибмаълумотро нишон медиҳад.

Масалан модаркалонҳои мо мактаби олии зиндагиро бо баҳои аъло хатм кардаанд, ки ҳунару маҳорат, хулқу атвор ва муҳаббату садоқату самимияташон беҳамто буда, мактаби ҳаётро мемонад. Аммо мо бояд аз имкониятҳои имрӯз истифода карда, боз ҳам бештар илму ҳунару таҷриба биёмӯзем, то намуна барои насли оянда бошем.

 

Ховар: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?

 

Ф. Саидова: Шукр, аз фазои солим, фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баҳра мегирем. Оилаи орому осоишта дорам. Бар ин боварам, ки гарави хушбахтии оилавӣ дар хайрхохӣ, ошкорбаёнӣ ва муҳаббати байниҳамдигарист.

 

Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик

 

-Фазои ҳеҷ хонадон пурфурӯғтар аз муҳаббат офтобе надорад. Хонаҳо аз ин нур гарму рӯшан бод!

 

Таҳияи Мавҷуда Анварӣ

Март 7, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад