Камол Насрулло: «Уммеди ман, муҳаббати ман дар Ватан шукуфт»
Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Тоҷикистон, Истиқлолият, Наврӯз ва Модар мафҳумҳое ҳастанд, ки бояд бо дили поку муҳаббати самимона ва лаҳни ширину меҳри беандоза ба забон оварда шаванд, чунки ин мафҳумҳо рамзи давлатдорӣ, озодӣ, фарҳангофаринӣ ва садоқат ба мавҷудоти офаранда-Модар аст», ин нуктаро имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло зимни шаби эҷодии хеш дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев изҳор дошт.
Ӯ дар ин базми шеъру суруд шеърҳои тозаэҷод ва офаридаҳои даврони ҷавониашро дар васфи Модар, Ватан, ишқу муҳаббат ва амсоли инҳо қироат намуда, хотири ҳаводорони шеърро болида сохт.
Бахусус, шеъри «Гуфтам Ватан» аз ҷониби муаллиф ва шеъри «Модар» аз забони донишҷӯдухар қироат ва бо садои Афзалшо Шодиев дар ин базми ширу шакар пешкаш шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон ба завқ ва муҳаббати хоса қабул гардид.
Гуфтам Ватан, чаман-чаман ин анҷуман шукуфт,
Гуфтам Ватан, чу гул ба лабонам сухан шукуфт.
Гуфтам Ватан, Ватан, ҳама дашту даман шукуфт,
Уммеди ман, муҳаббати ман дар Ватан шукуфт.
Дар шаби эҷодии Камол Насруллло, ки толори Филармония пур аз ҳаводорони шеъри ноби устод буд, инчунин ҳунармандону устодони санъати тоҷик-Афзалшо Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Файзалӣ Ҳасанов, Алишер Қаноатов, Абдумаҷид Бердиев, ансамбли эстрадии «Гулшан» ва дигарон аз ашъори шоир шеъру таронаҳо суруданд.
Маврид ба зикр аст, ки шаби эҷодии Камол Насрулло дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи Наврӯзи Аҷам ва Ҳамоиши байналмилалии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сурат гирифт.








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






