Мулоқот бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин

Март 18, 2016 12:03

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- 17 марти соли равон муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Найган вохӯрӣ баргузор намуд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, Абдулло Навҷувонов меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, экстремизм, терроризми байналмилалӣ, муқобилият ба таҳдид ва хатарҳои минтақавӣ тақвият меёбанд. Ҷониби Тоҷикистон омодааст дар ин самтҳо минбаъд низ ҳамкориро идома диҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои сохтмони Маркази муштараки зидди террористии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе, омоданамоии кадрҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Найган барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимод ба ҳисоб рафта, дар ин самтҳо чандин созишномаҳои байниҳукуматию байниидоравӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба имзо расонида шудаанд.

Март 18, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд