Тағйирот ба Созишномаи байни Тоҷикистону Қазоқистон дар масъалаи меҳнат

Март 30, 2016 17:19

Душанбе, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Парлумони Тоҷикистон Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон кор мекунанд, дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, аз 4 майи соли 2006 тасдиқ намуд.
Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар назди вакилон гуфт, ки санади мазкур бо мақсади тақвияти корҳо дар танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон таҳия шудааст. Он асосан ворид намудани се тағйироти усулиро ба меъёрҳои созишнома байни ду кишвар дар самти муҳоҷират пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, тибқи Пртоколи мазкур бо назардошти тағйирёбии мақомоти ваколатдори тарафҳо оид ба татбиқи Созишномаи зикршуда, ба моддаи 4- и он тағйирот ворид карда шуда, аз ҷониби Тоҷикистон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишварамон ва аз ҷониби Қазоқистон Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар муайян карда мешавад. Инчунин ба моддаи 4 и Созишнома сархати нав илова карда мешавад, ки тибқи он мақомоти ваколатдори тарафҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд, то мубодилаи маълумотро оид ба шумора ва ҳайати касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба амал бароранд. Ҳамзамон пас аз иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатии санади мазкур мақомоти ваколатдори тарафҳо таъйин гардида, минбаъд ҳангоми тағйир ёфтани мақомот фавран дар ин бора якдигарро бо роҳҳои дипломатӣ хабардор менамоянд.

Март 30, 2016 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд