БРСММ лоиҳаи кумак ба зарардидагони офати табиии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад
Душанбе, 13.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо коршиноси байналмилалии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (БРСММ) Чарлз Келли мулоқот кард.
Дар оғози мулоқот аз раванди иштироки ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасон дар расонидани кумакҳои башардўстона ба шаҳру ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардидаи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре таъкид гардид, коршиносони байналмиллалии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид тасмим доранд дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловатан баҳодиҳӣ ва муайянсозии ҳаҷми воқеии зарари аз офатҳои табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат расидаро гузаронида, лоиҳаи барқарорсозии ҳамаи иншооти зарардидаро барои баррасӣ ба дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасон пешниҳод намоянд.
Муовини Сарвазири мамлакат ба ин тартиб идома ёфтани ҳамкориро барои беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани инфрасохтори шаҳру ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардидаи кишвар муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия






