Гумонбаршудагон минбаъд то се рӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд

Апрель 1, 2016 10:49

Душанбе, 01.04.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар оянда афроди гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ на зиёда аз се рӯз нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин хусус палатаи поёнии Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»- тағйиру иловаҳо ворид намуд.
Ҳотам Назарзода -муовини аввали Прокурори генералии ҷумҳурӣ дар ҷараёни баррасӣ ва қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар Парлумони мамлакат гуфт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи ин қонун иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ барои тақвияти кафолати ҳуқуқи дастгиршудагон дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва ҷилавгирӣ аз азобу шиканҷа нисбат ба дастгиршудагон мебошад.
Тибқи ин тағйирот минбаъд дар китоби бақайдгирии дастгиршудагон сана ва вақти дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ доштани гумонбаршуда, ҷои нигоҳдории муваққатӣ, ному насаби шахси мансабдор, ки дар амалиёти дастгир кардан ширкат намудаанд, асос барои ҷойгир намудани дастгиршуда дар боздоштгоҳ, натиҷаи муоинаи тиббӣ, сана ва вақти аз дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳдории дастгиршуда хабар намудани хешовандони ӯ, сана ва вақти ба боздоштгоҳҳои тафтишотӣ гузаронидан ё озод кардани дастгиршуда нишон дода мешаванд. Дар маҷмӯъ дар паи ин тағйирот ба лоиҳаи қонун масъалаҳои бақайдгирию ҷойгиркунии афрроди дастгиршуда дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ пурра танзим мегарданд.
Мавлуда Қаландарзода -муовини раиси кумитаи оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки самти асосии лоиҳаи ин қонун ба таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон онро арзиши олӣ эътироф намуда ва ҳифзи онро кафолат додааст, нигаронида шудааст. Инчунин ба меъёрҳои паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва гражданӣ мутобиқ намудани қонуни мазкур, дифоъ аз ҳуқуқҳои дастгиршудагон ва баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи кишвар мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи ин қонун аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва қудратии кишвар- Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Шӯрои адлия таҳия шудааст.

Апрель 1, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад