Машварати корӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат

Апрель 20, 2016 19:34

Душанбе, 20.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар семоҳаи аввали соли равон машварати корӣ баргузор шуд.

Дар машварат доир ба вазъи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа аз ҷумла иқтисоду молия, андоз, кишоварзӣ, нақлиёт ва комуникатсия, инчунин соҳаҳои иҷтимоӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳисобот доданд.

Тавре таъкид шуд, новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 9,3 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки афзоиши воқеии он нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта баробар ба 6,5 фоиз мебошад. Дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мутаносибан дар ҳаҷми 2,9 млрд. сомонӣ ва 1,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2015 нисбатан афзун мебошанд. Нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар се моҳ 94,4 фоизро ташкил медиҳад.

Сарвазири мамлакат вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои пурраи буҷети давлатӣ, нақшаҳои пардохти гумрукӣ ва андоз, ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда, дастгирии соҳибкории хурду миёна, хусусан дар деҳоти дурдасти мамлакат ва омодагии ҳаматарафа ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъули соҳаҳоро вазифадор намуд.

Апрель 20, 2016 19:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид