«КАСА-1000» зинаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишварҳои ду минтақаи қораи Осиёст

Май 12, 2016 08:14

Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар таърихи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарин навишта мешавад.
Ҳанӯз даҳ сол қабл аз ин, соли 2006 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёддошти тафоҳум оид ба рушди бозори минтақавии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба имзо расида буд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бо гузашти даҳ соли талошҳои ҳадафмандона ва пайгирии чорабиниҳои муназзам лоиҳаи хатти интиқоли барқи баландшиддати «КАСА-1000» аз сатҳи сухан ба амал — ба тарҳи мукаммали техникӣ-иқтисодӣ табдил гардида, маросими расмии оғози татбиқи он бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бояд гуфт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи энергетика диққати махсус зоҳир намуда, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат муайян намудааст. Тавре ки маълум аст, рушди мунтазами иқтисодиёти кишварҳои минтақа бе дастрасии устувор ба неруи барқ имконнопазир мебошад. Бинобар ҳамин истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои обу барқи Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки дастрасии кишварҳои минтақа ба неруи барқи аз нуқтаи назари экологӣ тоза афзоиш ёфта, соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рушд ёбанд. Ҳамин аст, ки дар ҷумҳурӣ барои истеҳсол ва интиқоли неруи барқи обӣ, ки имкониятҳои бузурги он ҳанӯз истифоданашуда боқӣ мемонанд, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Бо назардошти ҳамин Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад.
Танҳо дар солҳои охир ҷиҳати бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда ва умуман рушди соҳаи обу барқи кишвар 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи қариб 2 млрд. доллари ИМА амалан татбиқ карда шуданд. Айни замон амалӣ кардани 7 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 380 миллион доллари ИМА идома дошта, 6 лоиҳаи дигар дар марҳилаи оғози татбиқ қарор доранд, ки арзиши онҳо зиёда аз 320 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», бунёд ва ба истифода додани хатти интиқоли неруи барқи 500Кв «Ҷануб-Шимол», хатти интиқоли неруи барқӣ 220 Кв «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли неруи барқи 220 Кв Тоҷикистону Афғонистон («Сангтӯда-Пули Хумрӣ») барои расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ як қадами бузург ба пеш ва барои иҷрои уҳдадориҳои энергетикии минтақавӣ заминаҳои воқеӣ шуморида мешаванд.
Дар 7 соли охир иқтидорҳои барқистеҳсолкунандаи кишвар ба 1 ҳазору 20МВ афзоиш ёфта, дар доираи чорабиниҳои банақшагирифташуда имкониятҳои энергетикии Тоҷикистон барои кам намудани талафоти неруи барқ, бунёди инфрасохтори барқӣ ва таҷдиди неругоҳҳо боз ҳам афзоиш дода мешаванд.
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи баландшиддати «КАСА-1000»-ро метавон тарҳи ҳамкории минбаъдаи инфрасохтории энергетикии байниминтақавӣ на танҳо дар Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё муаррифӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҷараёни омодагиҳо ба оғози татбиқи лоиҳаи «КАСА-1000» чандин санадҳои лоиҳавӣ омода ва ба имзо расонида шуданд, ки онҳо ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар худ механизми ҳамкории судманди тиҷоратиро таҷассум менамоянд.
Лоиҳаи «КАСА-1000» имконият фароҳам овард, ки ҷонибҳо дар раванди омодагӣ низомҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологии кишварҳои аъзои лоиҳаро аз худ намоянд ва дар ҳамбастагӣ тамоми паҳлӯҳои мавҷударо баррасӣ намуда, ба мувофиқа расанд.
Воқеан лоиҳаи «КАСА-1000»-ро ҳамчун як таҷрибаи хуб барои баланд бардоштани иқтидорҳои зеҳнии кишварҳо низ номидан мумкин аст. Ба воситаи «КАСА-1000» дастгирии мустақими барномаҳои рушди маҳал ба назар гирифта шуда, дар доираи онҳо як қатор мушкилоти ҳаррӯзаи сокинони деҳоти кишварҳои аъзои лоиҳа бартараф хоҳанд шуд. Дар ин замина, бинобар таъминкунандаи рушди иҷтимоӣ ва дастгирикунандаи барномаи рушди маҳал будан лоиҳаи «КАСА-1000»-ро метавон ҳамчун зинаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони минтақа номид. Дигар паҳлӯи лоиҳаи «КАСА-1000» — ин масъалаи экологӣ мебошад. Тавре муайян аст, неруи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда аз лиҳози экологӣ тоза мебошад ва таҳвили он имконият фароҳам меоварад, ки таъсири манфии фаъолияти энергетикӣ ба муҳити зист дар минтақа кам гардад.
Бинобар ин лоиҳаи «КАСА-1000» бо талаботи замони муосир ва талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ бобати гузариш ба иқтисоди сабз мувофиқ мебошад.
Дар маҷмӯъ, бо назардошти паҳлӯҳои гуногуни зикршуда лоиҳаи «КАСА-1000»-ро ҳамчун калиди воқеии рушди ҳамкории минтақавии энергетикӣ, инчунин таъсирбахш ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ метавон унвон кард.

Май 12, 2016 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ТУРСУНЗОДА-ШАҲР ДАР ҲОЛИ РУШД. Пешниҳоди сафардидаҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри саноатии Тоҷикистон
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Бонки Авруосиёии Рушд маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии Тоҷикистон зиёд мекунад
Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Хорватия баргузор гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар вилоятҳои Суғд ва Бадахшон неругоҳҳои барқи офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бунёд мегарданд
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология» дастгоҳҳои пармагарӣ харида шуданд
Дар Лондон масъалаи солимгардонии ҳудудҳо баррасӣ гардид
Дар шаҳри Риёз мулоқоти роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус доир гардид