Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон чоршанбе, 6 июл таҷлил мегардад
Душанбе, 29.06. 2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи иди саиди Фитр ё худ Рамазон дар Тоҷикистон чоршанбе, 6 июли соли 2016-и мелодӣ муайян гардид. Дар ин хусус имрӯз дар ҷаласае, ки дар Маркази исломии Тоҷикистон таҳти раёсати Сайидмукаррам Абдулқодирзода -раиси Шӯрои уламои кишвар доир шуд, қарори марбута қабул гардид. Зикр шуд, ки 6 июл соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Фитр барпо мегардад, ки аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва оғози моҳи шаввол ба мусулмонон башорат медиҳад.
Дар ҷаласаи Шӯрои уламо, ки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар, намояндагон ва масъулини дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Кумита оид ба корҳои дин иштирок доштанд, аз аъзои Шӯрои уламо ва рӯҳониён даъват шуд, ки дар намози ҷумъа ба мардум доир ба фазилатҳои нек ва муқаддаси иди саиди Фитр мавъиза кунанд. Зикр шуд, ки баъди намози иди Фитр боздид аз оромгоҳҳо ва даст ба дуою фотиҳа бардоштан дар сари қабри гузаштагон, аёдати пиронсолон, волидайн, беморону барҷомондагон, ятимон ва дар маҷмӯъ, хайру эҳсон ба ин қишри ҷомеа аз рисолатҳои иди Фитр аст.
Ҳамзамон дар масъалаи роҳ надодан ба худнамоию исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо дар рӯзи иди саиди Фитр дар мавриди густурдани хони идона сухан рафт. Таъкид шуд, ки дар ин масъала бояд намояндагони Шӯрои уламо ва рӯҳониёни кишвар ба мардум намунаи ибрат бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон дар асоси тасмими Шӯрои уламои кишвар ҳаҷми садақаи Фитр 5 сомонӣ муайян шудааст. Инчунин мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки аз он 435 сомонӣ закот дода мешавад. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 600 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки моҳи шарифи Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон меояд. Рамазон моҳи муборак маҳсуб мешавад, зеро дар ин моҳи шариф Китоби осмонӣ -Қуръони азимушшаън аз ҷониби Парвардигор нузул гардидааст. Рӯза доштан дар ин моҳ барои мусулмонон фарз буда, бо тоату ибодат ва қироати Қуръони маҷид мусулмонон қалбу руҳи худро аз ҳар гуна амалҳои зишту ғайришаръӣ пок месозанд.








«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд






