Муҳаммад Ғоиб, Шоири Халқии Тоҷикистон: «Пеш аз ин ҳам пешво будӣ…»

Июнь 24, 2016 08:08

Душанбе, 24. 06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 19-умин солгарди рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорад. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ҳам ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору муносибро фароҳам овард. Мардуми мо хуб медонанд, ки 19 сол қабл аз ин   бо ташаббус ва ҷаҳду талоши бевоситаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Созишнномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расид ва дар фазои кишварамон насими гуворои ваҳдату ҳамбастагӣ вазид. Бояд зикр намуд, ки миллати сарбаланди тоҷик имрӯз дар ҳамин фазои солим ва равшан, кишвари ободу осуда кору зиндагӣ намуда, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварамонро беш аз пеш афзун менамоянд ва заҳмату дастовардҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар суҳбату мулоқотҳо ва ҳамоишҳо бо меҳру ихлос  зикр менамоянд ва дар асарҳояшон тараннум месозанд.
Муҳаммад Ғоиб, Шоири Халқии  Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ асари нави худ «Достони Пешво»-ро ба 19-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшидааст, ки мо онро пешкаши хонандагони худ мегардонем.

Муҳаммад Ғоиб
Шоири халқии Тоҷикистон

 

ДОСТОНИ ПЕШВО

Пеш аз ин ҳам тахти шуҳрат доштӣ аз ҷуръатат,
Ёфтӣ аз пушти ҷуръат тахту тоҷи шуҳратат.
Пеш ҳам будӣ чу мижгон рўзу шаб пеши назар,
Пешво будӣ замони ҳифзи кишвар аз хатар.

Пеш аз  ин ҳам пешво будӣ ту дар дунёи нанг,
Рўди ақлат кард хомўш оташи сўзони ҷанг.
Рафтаанд аз ҷангали ҳастӣ ҳама гургу паланг,
Дур шуд аз чашми баҳри зиндагихоҳон наҳанг.

Нест осон рў ба рўи қотилон ҳарфе задан
Бе ҳарос аз маргхоҳ умеди ҳастӣ доштан.
Нест осон дар замини гашта аз хунҳо закоб
Бо умеди хўша гаштан, дони мақсад коштан.

Борҳо пеш аз ҳама рафтӣ  ба ҷойи маргбор,
Дил пур аз меҳри ватандорӣ, ба сар фикри диёр.
Буд мақсудат, ки бинӣ сурх рўйи хуниҷигар.
Пешҳарфи ҷумла ҳам будӣ ту дар садҳо асар.

Кӣ равад  пеши гаравгонгир, пеши тупу тир?
Кӣ занад худро ба он ҷое, кигирандаш асир?
Дар чунин раҳ ҷон ҷудо дар ларза ояд, тан ҷудо,
Як муҳофиз доштӣ, зўр аз ҳама- буд он Худо.

Борҳо биншаста бар тайёраҳои пур зи бор
Нахлҳои нодир овардӣ зи ҳар мулку диёр.
Сабзтар, хушрўйтар то хоки аҷдодӣ шавад,
Ҳар қадам ободу ҳар ҷо маскани шодӣ шавад.

Борҳо рафтӣ ба назди мардуми раҳинтизор
Дар ҳамон рўзони нохуби ҳаво бо чархбол.
Бо забон гарчи намегуфтанд бадхоҳон зи шарм,
Лек мегуфтанд дар дил: Офарин, нонат ҳалол.

Беғубории дилатро карда ҳис оинаҳо
Ҷо туро доданд дар кохи бузурги синаҳо.
Ҳар куҷо, ки лашкари меҳри туро медидаанд
Мекашиданд оҳи ҳасарат даста-даста кинаҳо,

Достони ҷони ширин канданат беохир аст,
Ин хулоса, ин баҳои додаи ҳар нозир аст.
Пеш аз  ин ҳам гашта будӣ дар забони хосу ом,
Достони эътирофу маснавии эҳтиром.

Лек арзи меҳри раҷбарҳои ҳизбу ҳар вакил,
Достон буданд, ҳар ҳарфаш сиришки чашму дил.

Баъд аз он андешаҳои бурди шахсӣ гум шуданд,
Худпарастон ҳам пас аз он гуфтаҳо мардум шуданд.
Манфиатҳои Ватан, Миллат ҳама ҷоро гирифт,
Ҷавфурўшон низ чашми меҳр бар гандум шуданд.

Кӣ намехоҳад, ки гардад зиндагӣ осудатар?
Кӣ намехоҳад, ки бе биме барояд бар сафар?
Кӣ намехоҳад, ки шодон кўдакаш бозӣ кунад?
Кӣ намехоҳад зи боғи умри худ гирад самар?

Кӣ намехоҳад, ки бошад зиндагӣ мисли баҳор?
Аз хазон безор мебошанд боғу киштзор.
Ҷанг сўзад хонаҳои бахтро бо оташаш,
Кӣ намехоҳад, ки бошад Сулҳу Ваҳдат пойдор?

Ин ҳама уммедҳоро дарк кардӣ хубтар,
Ҷонфидоӣ кард дар ин раҳ туро маҳбубтар.
Авфҳо ҷои ҷазоҳоро зи нав бигрифтаанд,
Ҷашнҳо ҷои азоҳоро зи нав бигрифтаанд.

Дар раҳи тадбирҷӯӣ низ будӣ пешгом,
Доштӣ дар сархати имдодгарҳо ҷо мудом.
Бекасонро кас ту будӣ, ҳам ятимонро падар
Шаҳд мекардӣ муҳайё баҳри ҳар як талхком.

Дар диёри хоксорӣ низ будӣ Пешво,
Дарди мағрурии азхудрафтаро кардӣ даво.

Нест аз чашми ҷаҳон имрўз пинҳон розҳо,
Бишнавад гўши сиёсатҳо ҳама овозҳо.
Пештар аз мо туро ҳам пешво мегуфтаанд
Дар диёри Чину Мочин, дар Араб, дар Амрико.

Пеш аз ин ҳам пешво будӣ, ҳазорон қиссаҳо
Ҳарфҳо гўянд аз бобе, ки дорӣ қиссаҳо.

Ку ҳамон коре, ки ту дасташ задӣ, иҷро нашуд?
Ку ҳамон торе задӣ нохун ту, хушово нашуд?

Роҳ гуфтӣ, роҳҳои бехатар пайдо шуданд,
Нақбҳову ҷодаи осонгузар пайдо шуданд.
Барқ гуфтӣ, гашт пайдо нобҳои бемисол,
Як хати эҳсон ҷанубро кард пайванди шимол.

Пуштаҳои хуфта гаштанд аз сахоят боғзор,
Дар ҳаёташ бори аввал шуд биёбон боғдор.
Ҳарф гуфтӣ аз зиёӣ, хуб гўшат кардаанд,
Даста-даста рў ба илму маърифат овардаанд,

Аз дабистони ту дарси ифтихор омўхтем,
Аз ту номуси ватандорию ор омўхтем.
Нашри Қуръонро бикардӣ бо забони тоҷикӣ,
Аз сахоят ояти Парвардигор омўхтем.

Ин ҳикоятҳо ҳама аз посдорон будаанд,
Дар варақҳои дили ихлосдорон будаанд.
Дар ҳазорон шакл бо ҳар гуна мазмун будаанд,
Интизори сабт дар девони Қонун будаанд.

Оқибат дилномаҳо маҷмўа дар қонун шуданд,
Пешво бигрифта ному як ҷаҳон мазмун шуданд.
Бар ҳама ин ҳуҷҷати ҷамъи адолат буд зарур,
Пешвойии адосози ҳама амру рисолат буд зарур.

Пеш аз ин ҳам пешво будӣ, валекин баъд аз ин
Бонамакҳои ватан, фарзандҳои  сарзамин
Номи неки Пешвои хешро ҷо медиҳанд
Дар китоби дидаву дил, дар хати пеши ҷабин.

Баъд аз ин иқдом савти сози дил дигар шавад,
Аз гиребоне бурун садҳо ҳазорон сар шавад.
Ҷойгири хуфтамулки фикр бедорӣ шавад,
Боз мустаҳкамтар имони ватандорӣ шавад.

Баъд аз ин халқе, ки дида ҷабр аз таърих беш,
Мушкилаш осон кунад бо дасти фаҳму ақли хеш.
Маслиҳат пурсад зи як кас, гўш як касро кунад,
Дур аз боғи  умедаш зоғу каргасро кунад.

Баъд аз ин бо ҳам ҷавону пир ҷону тан шаванд,
Ворисони як падар, фарзанди як меҳан шаванд.

 

Июнь 24, 2016 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид