Исмоил Талбаков: «Манфиатҳои давлат ва миллат аз манфиатҳои ҳизб болотаранд»

Июль 5, 2016 15:11

Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 3 июли соли равон дар Душанбе Анҷумани 32 Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор ва Исмоил Талбаков аз ҷониби вакилон раиси ҲКТ интихоб карда шуд. Оид ба ҷараёни баргузории анҷумани ҳизби коммунист, мушкилот ва нақшаҳои минбаъдаи роҳбарияти нави ҲКТ бо И.Талбаков мусоҳиба анҷом дода шуд.

АМИТ «Ховар»: Анҷумани навбатии ҳизби коммунист аз анҷуманҳои пешинаи он ягон тафовут дошт?

И. Талбаков: Бале, ин анҷуман бо давомнокии худ беназир буд, зеро ҷараёни анҷуман зиёда аз даҳ соат идома ёфт, ки чунин ҳолат дар таҷрибаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бори аввал рӯй дод.

АМИТ «Ховар»: Солҳои шӯравӣ анҷуманҳои ҳизби коммунист чандин рӯзҳо идома меёфтанд…

И. Талбаков: Он солҳо Ҳизби коммунист ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа дар анҷуманҳои худ тамоми масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, сиёсати хориҷӣ, вазъияти байналмилалӣ, шароитҳои моддӣ, маишӣ, фарҳангӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти давлатӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ ва мавриди таҳлил қарор дода, барномаҳои амал қабул мекард. Дар ин анҷумани охирини ҳизбӣ бошад, фақат ҷараёни овоздиҳӣ ба тарафдории раиси нави ҳизб ду маротиба сурат гирифт.  Бояд гуям, ки дар Анҷумани ҳизб аз 81 вакили интихобшуда 77 нафар вакилон аз тамоми вилоятҳо ва минтақаҳо бо намояндагӣ аз 37 ҳазор аъзои ҳизб ва 107 нафар даъватшудагон иштирок доштанд. Дар баробари ҳамин бо истифода аз он ки Анҷуман ба тариқи ошкоро сурат гирифт, 200 нафар ҳаводорони ҳизб бо таваҷҷуҳ раванди Анҷуманро мушоҳида карданд. Ҳангоми таҳлили вазъи дохилии ҳизб, ҳисоботи анҷуман ва масъалаи интихоби раиси нави ҳизб аз ҷониби собиқ раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов якчанд маротиба изҳори норозигӣ ва нороҳатӣ карда шуд. Аз ҷумла баъд аз баргузории овоздиҳӣ ва эълони натиҷаҳои интихоби раиси нави ҳизб Ш.Шабдолов изҳор кард, ки «нофаҳмӣ ба амал омадааст, вакилон масъаларо дуруст нафаҳмиданд, бинобар ҳамин овоздиҳӣ аз сари нав баргузор карда шавад». Бо эҳтиром ба Ш.Шабдолов ва пайдо нашудани ягон шакку шубҳаву нобоварӣ миёни аъзои ҳизб мо розӣ шудем, ки интихоботи раиси ҳизб дубора сурат гирад. Дар ҳар ду овоздиҳӣ ман овози бештари вакилонро гирифтам: дар овоздиҳии аввал 39 вакил ба ҷонибдории ман ва 21 вакил ба ҷонибдории собиқ раиси ҳизб Ш.Шабдолов, дар овоздиҳии дуюм ман 44 овоз ва Ш.Шабдолов 16 овоз гирифтем. Баъд аз ин ҳам Ш.Шабдолов ба натиҷаи овоздиҳӣ розӣ нашуда, дархост кард, ки интихоби раис аз нав гузаронида шавад. Ман розӣ шудам, вале ин таклифи Ш.Шабдолов ба эътирози толор дучор омад, вакилон гуфтанд, ки мо ду маротиба интихоби худро кардем.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо чаро чунин ҳолат анҷумани ҳизб рӯй дод, яъне интихоби раиси ҳизб якдилона сурат нагирифт?

И. Талбаков: Ба андешаи ман ин таъсири мафкураи шахшудаи солҳои шӯравӣ, ки ҳизби коммунист лидери худро то лаҳзаи охир сари мансаб нигоҳ медошт мебошад. Барғалат будани ин мафкураро роҳбарияти ҳизби коммунисти Чин кайҳо дарк кард ва акнун дар ҳар як даъвати навбатии ҳизб роҳбари он иваз карда мешавад. Масъалаи аз нав интихоб кардани раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳанӯз 5 сол пеш ба миён омада буд, вале ҳурмату эҳтиром ба Ш.Шабдолов нагузошт, ки ин масъала ҳамон солҳо бардошта шавад. Ветеранҳои ҳизб пеш аз Анҷумани 31-уми ҳизб бо Ш.Шабдолов суҳбат намуда, таклиф карданд, ки ӯ худаш ягон номзади арзандаро тайёр карда, барои раисии ҳизб ба Анҷумани навбатӣ пешниҳод кунад. Ин маслиҳатро Ш.Шабдолов қабул накард.

Ба андешаи ман яке аз сабабҳои дар интихоботи парлумонии гузашта муваффақ нашудани ҳизби коммунист бе тағйироту таҳаввулоти ҷиддӣ пеш бурдани барномаи сиёсии ҳизб буд.

АМИТ «Ховар»: Фикрҳое ҳам пайдо шуданд, ки гӯё доираҳои манфиатдор барои пароканда кардани аъзои ҳизби коммунист талош намуданд…

И.ТалбаковИ. Талбаков: Воқеан ҳам дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатдоре вуҷуд доранд, ки раванди демократикунонии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дастовардҳои даҳсолаи охирро ҳаргиз ба чашми нек дидан намехоҳанд ва ба паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ машғуланд. Ин гурӯҳҳои ғаразпеша муборизаи сиёсиро тавре мехоҳанд бубинанд, ки дар ҷомеа доимо ихтилоф, душманӣ ва бадбинии ҳамдигарӣ вуҷуд дошта бошад.

Мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсияи мамлакат Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ буда, дар моддаи 100-уми Конститутсия ифода шудааст, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир аст. Ҳар як ҳизби сиёсии мамлакат зимни фаъолияти сиёсии худ бояд ҳамин панҷ самти асосии давлатдории тоҷиконро дар зеҳни худ дошта бошад ва барномаҳои ҳизбии худро дар доираи ҳамин панҷ унсури тағйирнаёбандаи Конститутсия роҳандозӣ кунад.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки масъалаҳои иҷтимоиро дар мадди аввал мегузорад, наметавонад, дастовардҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар самти бунёди мактабҳо, беморхонаҳо, муасисаҳои таълимӣ, дигар иншооти иҷтимоӣ-маишӣ нодида гирад. Соли 2000-ум буҷети мамлакат 200 миллион сомонӣ буд, бо гузашти 16 сол ҳаҷми буҷети Тоҷикистон ба зиёда аз 18 миллиард сомонӣ афзун карда шуд, ки ин дастовардҳо аз ҳаво наомада, дар натиҷаи меҳнати шабонарӯзии ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шудааст. Ин дастовардҳоро нодида гирифта ба фаъолияти сиёсӣ машғул шудан, кутоҳбинии сиёсӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Нақшаҳои Ҳизби коммунист дар ояндаи наздик чӣ гуна аст?

И. Талбаков: Аз он ки мо дар интихоботи парлумонии гузашта раъйи мардумро ба даст оварда натавонистем рӯҳафтода нестем, балки он шикаст барои мо сабақ гардид ва моро водор мекунад, ки фаъолияти худро мутобиқ ба замон роҳандозӣ намоем. Шакли нави муносибат ба элокторатро аз худ кунем. Моро мебояд бо соҳибкорон, тоҷирон, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, зиёиён ва ҳатто ходимони дин ҳамкории созандаву босамарро ҷорӣ кунем. Ҳизби коммунист ҳизби догма нест, таълимоти марксизм илман дуруст будани худро исбот кард ва роҳҳои татбиқи ин таълимотро бо назардошти муносибатҳои нави бозаргонӣ мебояд ҷустуҷӯ ва пайдо кард.

Мо на танҳо бо ҲХДТ ҳамчунин бо дигар азҳоби сиёсии Тоҷикистон мехоҳем ҳамкории бисёрҷонибаро ҷорӣ кунем, зеро ҳамаи ҳизбҳои мамлакат бо номи Тоҷикистон (Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон) пайванданд, яъне агар Тоҷикистон набошад, ин ҳизбҳо низ буда наметавонанд. Бинобар ҳамин зарур мешуморам, ки мисли аҳзоби дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони мутамаддин роҳбарияти ҳизбҳои Тоҷикистон манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро болотар аз манфиатҳои ҳизбӣ ва гурӯҳӣ гузоранд ва ба санги осиёби бадхоҳону душманони давлату миллати тоҷик об нарезанд.

Суҳбати А.Сангзода

Дусияи АМИТ «Ховар»

Талбаков Исмоил Иброҳимович 24-уми марти соли 1955 дар ноҳияи Темурмалик вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси «иқтисодчӣ» хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии худро соли 1976 ба сифати сариқтисодчии Раёсати кишоварзии ноҳияи Темурмалик оғоз кардааст.

 Баъдан ба кори ҳизбӣ ҷалб шуда, ҳамчун инструктори шуъбаи ташкилии кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик), инструктори кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб, сардори шуъбаи ташкилӣ, котиб, котиби дуюм ва котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик), котиби якуми кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб ва котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон кор кардааст.

 Солҳои 2000-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъватҳои дуюм, сеюм ва чорум фаъолият дошт, узви Кумитаи парлумонӣ оид ба иқтисод ва молия ва узви Комиссияи парлумонӣ оид ба назорат аз болои регламент ва ташкили корҳо буд.

Ду маротиба аз тарафи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи  президентии солҳои 2006 ва 2013 пешбарӣ шуда, дар интихоботи президентии Тоҷикистон соли 2006 ба гирифтани зиёда аз 4 фоизи раъйи интихобкунандагон мушарраф шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Июль 5, 2016 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад