Раиси Кумитаи андоз: «Зиёда аз 14 ҳазор соҳибкорон фаъолияти худро қатъ карданд»

Июль 23, 2016 10:56

Душанбе, 23.07. 2016. /АМИТ «Ховар»/. 14 ҳазору 807 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти худро қатъ карданд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ зикр карда, таъкид намуд, ки  дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти андоз нисбат ба фаъолияти 922 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зиёда аз 200 санҷиш тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд.
Дар натиҷаи санҷиш ба маблағи 619 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз он 241 миллион сомониаш ба буҷет ворид карда шуд.
Ба иттилои раиси Кумитаи андоз, ҳамчунин  дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ  машғул гардидани шахсони воқеӣ ошкор гардида, онҳо расман ба қайд гирифта шуда, бо патент ва шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин гардиданд.
Дар айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 284 ҳазору 403 субъекти хоҷагидорӣ фаъолият доранд. Н. Давлатзода  изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯз  25% соҳибкорони инфиродӣ ба мақомоти андози маҳалли фаъолияти худ саривақт ё умуман андозро  аз рӯи талаботи ҳисобу эъломияҳо пардохт наменамоянд.

Июль 23, 2016 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст