Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз нобудшавӣ эмин доштани ҳайвоноти нодир тадбирҳо меандешад (Мулоҳизаҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии паланг)

Июль 29, 2016 08:00

Душанбе, 29. 07.2016. АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 29 июл дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии паланг (International Tiger Day) таҷлил карда мешавад. Ин ид соли 2010 дар Ҳамоиши байналмилалии «Саммити паланг» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки ба масъалаҳои ҳифзи ин намуди ҳайвон бахшида шуда буд, бо ибтикори намояндагони 13 кишвари дунё, ки дар қаламравашон паланг мавҷуд аст, таъсис дода шудааст.  Дар ин ҳамоиш инчунин Барномаи ҳифзу парвариши паланг барои солҳои 2010-2020 қабул шуда буд.

Мутаассифона, имрӯз дар табиат на бештар аз 5 ҳазор сар паланг боқӣ мондааст ва ин миқдор сол то сол коҳиш меёбад. Дар тӯли сад соли охир  саршумори паланг дар саросари олам 25 маротиба кам шудааст. Имрӯз ин намуди ҳайвонро хатари батамом нобудшавӣ таҳдид менамояд. Ин масъала мақомоти ҳифзи табиати мамолики гуногун, аз ҷумла Тоҷикистонро наметавонад бетараф гузорад.

Як вақтҳо дар Тоҷикистон низ паланг, асосан паланги туронӣ  мавҷуд буд.  Солҳои  30­-40­уми  асри гузашта ҳудуди паҳншавии ин навъи паланг туғайзорҳои водиҳои  дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Қизилсу ва Ёхсуро  дар  бар  мегирифт.  Вале, мутаассифона, солҳои  50-­уми  асри гузашта  саршумори паланг   дар Тоҷикистон тамоман маҳдуд ва ба нестӣ расид. Ҷасади охирини  аз  тарафи  шикорчиён паррондашудаи паланг дар  мамнуъгоҳи  «Бешаи палангон» тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Муҳити хоси зисти паланги туронӣ ҷангалзор ва туғайзорҳои наздисоҳилие буданд, ки ба онҳо таъсири инсон нарасида  буд.

Дар  солҳои  40­-уми  асри гузашта  дар  натиҷаи босуръат  аз  худ гардидани мавзеъҳои хоси зист, ҳамчунин маҳдуд гардидани сар­шумори тӯъма ­ гавазни бухороӣ, хуки  ёбоӣ,  ғизол ва  паланги туронӣ дар  қисмати ҷанубӣ­-ғарбии Тоҷикистон пурра маҳв гардиданд.

Теъдоди паланги туронӣ дар ибтидои солҳои 30-­юми асри гузашта   дар  поёноби дарёи  Вахш 15­20  сарро ташкил медод ва  дар  охири солҳои 40­-уми асри гузашта дар тамоми туғайзорҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 10­15 сар паланги туронӣ боқӣ монда  буд.  Соли  1948  дар  масофаи  100  км  туғайзори соҳилҳои чап ва рости дарёи  Вахш  танҳо 3  изи гуногунҳаҷми паланг  ба қайд гирифта шуда  буд.  Дар туғайзори дарёи Қизилсу  дар  ин солҳо  3­5 сар  паланг вомехӯрданд.

Феълан дар Тоҷикистон паланги туронӣ  ба рўйхати ҳайвоноти маҳвгардида дохил карда шудааст.

Аз  худ  гардидани туғайзорҳо, маҳдуд гардидани саршумори тӯъма,  таъқиб ва шикор  аз  ҷониби инсонҳо дар авохири асри 20 омилҳое буданд,  ки боиси маҳвшавии  паланги туронӣ дар сарзамини мо гардиданд. Ҳоло дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» аз паланг фақат ном мондааст.

Дар ин бора чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат изҳори нигаронӣ намуда, ба мақомоти дахдор ҷиҳати дар ҳудуди  Тоҷикистон аз нобудшавӣ эмин доштани ҳайвоноти нодир, аз қабили бузи куҳӣ, гӯсфанди бухороӣ, мори айнакдор ва ғайра   дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин ҷаласа қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани квота барои шикори ҳайвоноти ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомилбуда дар соли 2016» қабул гардид.

Июль 29, 2016 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад