Вохӯрии дӯстонаи тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби то 21-солаи Қирғизистон

Июль 12, 2016 11:08

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар варзишгоҳи «Авиатор»  вохӯрии дӯстонаи  тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби то 21-солаи Қирғизистон (тими олимпӣ) дар соати 18:00 баргузор мешавад. Бо ин мақсад сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон Валерий Березовский бо 20 нафар бозингар 10 июл ба Душанбе  омаданд.
Футболбозони қирғиз дар ин ҷараён дар варзишгоҳҳои «Политехникум» ва «Авиатор» машқҳои худро ба сомон расониданд. Валерий Березовский ба ҳайати дастааш бозингарони зеринро шомил кардааст:
Дарвозабонҳо: Кутман Кадирбеков («Ала-Тоо»), Арстан Кудайбердиев («Дордой»-2);
Муҳофизатгарон: Данил Сокирченко («Абдиш-Ата»), Георгий Славний («Ала-Тоо»), Мустафа Юсупов («Дордой»-2), Андрей Долженко («Абдиш-Ата»-2), Аманбек Манибеков («Абдиш-Ата»-2), Аскарбек Салиев («Алга»), Владимир Казакбаев («Живое»);
Нимҳимоятгарон: Манас Карипов («Адиш-Ата»), Александр Мишенко (озод), Одилҷон Абдураҳмонов («Алай»), Гамзи Набиев («Алга»), Давлатҷон Баротов («Абдиш-Ата»), Виктор Келм («Кара-Балта»), Кадирбек Шаарбеков («Ала-Тоо»), Азим Азаров («Дордой»-2), Султонбек Момунов («Абдиш-Ата»);
Ҳамлагарон: Роман Ковалев («Кара-Балта»), Элдар Молдожунусов («Абдиш-Ата»).
Футболбозони кишварамон таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Виталий Левченко марҳалаи аввали омодагиро ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2016, ки тирамоҳ дар Баҳрайн доир мегардад, дар шаҳри Норак ба анҷом мерасонанд. Ин аввалин бозии таҷрибавии дастаи мунтахаб зери роҳбарии мураббиёни нав хоҳад буд. Дар идомаи омодагиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-19) 6 -9 август дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup  U-19», ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ширкат хоҳад намуд.

Июль 12, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид