Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 26 август ба Душанбе меояд. Биёед, ӯро сазовор пешвоз бигирем!

Август 23, 2016 16:23

Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия, бегоҳи рӯзи 26-уми август ба Душанбе меояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Дилшод зимни суҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, ки: «Ман ҳамроҳи мураббиам Владимир Машко ва менеҷерам Кртен Либор, ки ҳарду шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех мебошанд, рӯзи 23-юми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Рио-де-Жанейро-Франкфурт-Прага сафар мекунам. 24-уми август соати 13:15 ба Прага мерасем. Баъдан аз он ҷо ман бо хатсайри Прага-Маскав-Душанбе озими Тоҷикистон шуда, рӯзи 26-уми август соати 18:00 ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мерасам. Ҳайати варзишии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Рио-де-Жанейро-Сан-Паулу-Истанбул-Душанбе 27 август соати 03:35 ба Душанбе мерасад».
Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия 5 август шурӯъ шуданд, 21 август ба охир расиданд.
Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Баъди натиҷагирии шонздаҳ рӯзи мусобиқот дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор дастаи мунтахаби ИМА бо 121 медал (46 тилло, 37 нуқра ва 38 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кард.
Британияи Кабир бо 67 медал (27 тилло, 23 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дувум шуд. Чин бо 70 медал (26 тилло, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифт.
Ба даҳгонаи беҳтарин инчунин Русия (18-18-19), Олмон (17-10-15), Ҷопон (12-8-21), Фаронса (10-18-14), Кореяи Ҷанубӣ (9-3-9), Италия (8-12-8) ва Австралия (8-11-10) дохил шуданд.
Умуман, варзишгарони 87 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 59 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуданд.
Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ёздаҳ кишвар — Узбекистон (4 медали тилло, 2 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ, ҷойи 21-ум), Қазоқистон (3 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ, ҷойи 22-юм), Украина (2 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 биринҷӣ, ҷойи 31-ум), Гурҷистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 биринҷӣ, ҷойи 38-ум), Озарбойҷон (1 медали тилло, 7 медали нуқра ва 10 биринҷӣ, ҷойи 39-ум), Беларус (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали бириҷӣ, ҷойи 40-ум), Арманистон (1 медали тилло ва 3 медали нуқра, ҷойи 42-юм), Тоҷикистон (1 медали тилло, ҷои 54-ум), Литва (1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ, ҷойи 64-ум), Молдова (1 медали биринҷӣ, ҷойи 78-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ, ҷойи 78-ум) ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштанд.
Дар Олимпиадаи Рио варзишгарони се кишвари собиқи шӯравӣ — Латвия, Қирғизистон ва Туркманистон медал ба даст наоварданд.
Хотиррасон менамоем, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио бо шумули ҳафт варзишгар ширкат кард, мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд.
Хотиррасон мекунем, ки дар рӯзи чордаҳуми Бозиҳо- 19 август варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард.
Ин бори нахустин аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Август 23, 2016 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд