Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Корхонаи «Норд Азия Металл» 120 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад»

Сентябрь 13, 2016 11:35

Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» ва ба кори фоиданок ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, махсусан занону духтарони хонашин дар деҳаи Куркат Маркази таълимиву истеҳсолии Куруш ба истифода супорида шуд, ки ба рушди касбомӯзии сокинон ва беҳтар шудани вазъи зиндагии онҳо мусоидат мекунад»,- зикр намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар робита ба ин, роҳбарону масъулон вазифадоранд барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар пешбурди соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳои боз ҳам муассир андешанд, зеро тибқи маълумот дар ноҳия айни замон беш аз 13 ҳазор нафар занону духтарон бе шуғл мебошанд.
— Имрӯз мо дар доираи корҳои созандагиву ободгаронаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Спитамен ба фаъолияти якчанд иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ бахшидем, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Яке аз иншооти зикршуда Корхонаи муштараки «Норд Азия Металл» мебошад, — зикр намуданд Пешвои миллат.
Инчунин иброз дошта шуд, ки бунёди корхонаи мазкур бо ҳамкории соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ду сол пеш оғоз ёфта, барои сохтмони он беш аз 23 миллион сомонӣ равона шудааст. Корхонаи «Норд Азия Металл» баъди бо иқтидори истеҳсолии пурра ба кор даромадан дар як сол ба маблағи 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд ва 120 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад.

Сентябрь 13, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд