Рӯзноманигорон аз Осиё дар шаҳри Истанбул меҳмон шуданд

Сентябрь 14, 2016 10:32

Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 80 рӯзноманигор аз 18 давлати Осиёи марказӣ ва шарқӣ аз шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дидан намуданд.    Сафари рӯзноманигоронро  ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» ба роҳ монд. Мақсад аз сафар  шиносоӣ бо вазъи Туркия пас аз амали террористӣ дар фурудгоҳ ва  кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ буд.  Дар ин сафар Тоҷикистонро се рӯзноманигор, аз ҷумла хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндагӣ карданд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар муддати хеле кӯтоҳ  бо Туркия дар самти сиёсат, иқтисоду савдо,  илму фарҳанг ва адабиёту  маориф  ҳамкории судманд ба роҳ монд.  Бо ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркия,  аз моҳи январи соли 1992,   Туркия шарики боэътимоди Тоҷикистон гашта, ҳамкорӣ байни ин ду кишвар дар ҳама самт босуръат ривоҷ меёбанд.
Зимни  сафар рӯзноманигорон аз Академияи ҳавопаймоии Туркия дидан намуданд. Халабонҳо ва ходимони касбии ширкат ба рӯзноманигорон дастгоҳҳои машқӣ, бино ва  ҳавопаймоҳои махсуси  тамриниро нишон доданд. Дар ин ҷо на танҳо халабонҳои туркӣ, балки халабонҳо аз  хориҷи кишвар   таълим гирифта, маҳорати касбии  худро баланд мебардоранд.
Рӯзноманигорон инчунин бо фаъолияти ширкати «Do & Co», ки ҳавопаймоҳоро бо хӯроки тоза таъмин менамояд, ошно гаштанд. Тавре ки кормандони ширкати мазкур хабар доданд, онҳо барои тайёр намудани хӯроки босифат маҳсулоти озуқавориро бо диққат интихоб менамоянд. «Таъмини хӯроки босифат дар ҳавопаймо вазифаи асосии мост»,- мегӯянд кормандони ин ширкат.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии  «Turkish Airlines» Илкер Авҷив зимни мулоқот бо хабарнигорон ба нақши ВАО дар фазои иттилоотии ҷаҳон таъкид намуд. «Пас аз амали террористӣ ва кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ тамоми ҷаҳон вазъи Туркияро муҳокима  мекунанд. Имрӯз мо имкон додем, то журналистони Осиё бо вазъи кишвари мо аз наздик ошно гарданд. Рӯзноманигорон имкон доштанд дар тӯли се рӯз дар бораи зиндагии мардуми мо пас аз ин амалҳо,  таъмини амният ва хизматрасонӣ дар фурудгоҳу меҳмонхонаҳо шинос гарданд. Мақсади асосии мо рушди ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои дунё мебошад. Мизоҷони  ширкати мо  мусофир нестанд, мо онҳоро «меҳмон» меномем ва ба онҳо хизматрасонии хубро пешниҳод менамоем.     Ширкати «Turkish Airlines» яке аз беҳтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ширкат дорои беш аз 200 ҳавопаймо буда, ба зиёда аз 120 давлати ҷаҳон хатсайр дорад»,-зикр намуд Илкер Авдҷив.
Мустафо — фурӯшандаи шириниҳои туркӣ  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки пас аз амалҳои террористӣ ва кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ дар бораи Туркия дар дунё овозаҳои гуногуну воҳимаангез паҳн гаштанд. Аз ҳамин сабаб теъдоди сайёҳон ба ин кишвар камтар шуд. «Ман  забонҳои англисиву русиро аз худ кардаам, зеро бештари харидорони шириниҳои ман аз хориҷанд. Ман бо сайёҳон бе мамониат метавонам суҳбат кунам ва маҳсулотамро ба онҳо пешниҳод намоям. Шириниҳои мо дар ҳамаи мамлакатҳои дунё машҳуранд ва бештари сайёҳон кӯшиш мекунанд аз ин шириниҳо харидорӣ кунанд. Истанбул шаҳри туристӣ мебошад, дар шаҳри мо тамоми шароит барои сайёҳӣ муҳайёст. Қариб нисфи фурӯшандагони бозори мо забонҳои русӣ ва англисиро   аз худ кардаанд, то ба мизоҷонашон хизмат расонида тавонанд. Ман мехоҳам ба ҳамаи мардуми дунё расонам, ки вазъ дар  Туркия хуб аст ва мо бо хушҳолӣ ҳар як сайёҳро интизорем»,-афзуд Мустафо.
Ба қавли директори генералии «Turkish Airlines», баъд аз амали террористӣ дар фурудгоҳ ва кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ ширкати ҳавопаймоӣ пас аз як рӯз фавран фаъолияташро ба роҳ монда, ба «меҳмононаш» хизмат расонид.
«Бозори Осиё барои мо хеле муҳим мебошад, зеро решаҳои мо аз онҷост. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, мо ба ин кишварҳо хизмат расонида истодаем ва дар оянда низ ин иқдомро идома хоҳем дод. «Turkish Airlines»  ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, доим кӯшиш ба харҷ медиҳад, то бехатариро ҳангоми парвоз таъмин намояд. Туркия чун дигар давлатҳо мухолифи терроризм буда, дар мубориза бо ин зуҳурот тамоми қувваашро сарф мекунад. Имрӯз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо ин зуҳурот рӯ ба рӯ шудаанд ва мо бояд бар муқобили терроризм якҷоя мубориза барем»,-илова намуд Илкер Авдҷив.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ доимо дар суханрониҳояшон таъкид месозанд, ки мавҷи даҳшатангези терроризм, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифта, бори дигар зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди ин таҳдиди ҷаҳонӣ қотеъона таъкид менамояд.
Туркия пас аз амалҳои террористӣ ва кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ қомати худро рост карда, мардумаш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тавонист роҳи сулҳу суботро пеша кунад. Парчамҳои зиёди давлати Туркия,  ки аз пештара бештар дар ҳар қадам овехта шудаанд, табассуми мардум, кӯчаҳои пур аз одамон далели ин гуфтаҳоянд.
Рӯзноманигорон тавонистанд дар ин се рӯз аз гулӯгоҳи «Босфор», мағозаи машҳури фурӯши шириниҳо, майдон ва масҷиди Султонаҳмад ва дигар ҷойҳои таърихӣ дидан намоянд.

Лайло Қосимова,     АМИТ «Ховар»

Сентябрь 14, 2016 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд