Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳое, ки туризмашон дар ҳоли рушд аст, ворид мешавад

Сентябрь 2, 2016 15:35

Душанбе, 02.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон баъд аз маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба даҳгонаи давлатҳое, ки туризмашон дар ҳоли рушд аст, ворид шуда, Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои захираҳои бои туристӣ ва шарики боэътимоди ин созмон эълон намуд». Ин нукта зимни конфронси байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо», ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, аз забони роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ садо дод.
Мақсади конфронс- ин мустаҳкам кардани мавқеи мамлакат ҳамчун кишвари мусоид барои сайёҳон, тарғиби чорроҳаи мероси Шоҳроҳи Абрешим, ки аз Тоҷикистон мегузарад ва ба ин васила, муаррифии захираҳои бои таърихию фарҳангӣ ва вусъат бахшидан ба рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки дар маросими ба истифода додани Донишгоҳи Данғара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар оянда донишгоҳи мазкур ба Донишгоҳи байналмилалӣ табдил дода шавад. Дар ин сурат дар мамлакат имконияти хуби тайёр намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ фароҳам меояд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ баён дошт, ки тамоми кӯшишҳояшро барои муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона месозад, зеро соҳаи туризм яке аз даромадноктарин соҳаҳои иқтисодии ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, ҳоло аз рӯи даромад дар ҷои сеюми соҳаҳои воридоти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор дорад. «Имрӯз Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ дошта бошад ҳам, бо сабаби ҷавон будани ин соҳа дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро пайдо накардааст. Мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо ва оид ба рӯйхати рақобатпазирии бахши саёҳат ва туризм дар соли 2015, туризми Тоҷикистон аз лиҳози самарабахшии иқтисодӣ дар ҷои 119 дар ҷаҳон буда, ҳанӯз дар ин бозор ҷою мақомеро, ки бояд сазовори мамлакати мо бошад, соҳиб нашудааст. Ин аз он аст, ки ин қисмати иқтисодии кишварамон дар оғози фаъолият мебошад»,- таъкид шуд дар конфронс.

Сентябрь 2, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад