Қаракӯл бо манзараҳои зебояш аз дигар кӯлҳои Бадахшон бартарӣ дорад
Хоруғ, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қаракӯли ноҳияи Мурғоб фестивали Регата бо ширкати сайёҳони кишварҳои Аврупо баргузор гардид.
Тавре Зоолшо Фаросатшоев, раиси Ассотсиатсияи сайёҳӣ- экологӣ ва фарҳангии Помир баён намуд, соли чорум аст фестивали мазкур дар ин ноҳия баргузор мегардад. Имсол аввалин маротиба мутахассисони хориҷӣ дар он ширкат меварзанд ва ба иштирокчиёни фестивал тарзу усули идора кардани қаиқҳои бодиро меомӯзанд.
Қаракӯл дар баландии 3 ҳазору 914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, масоҳати он 380 километрро ташкил медиҳад. Бо манзараҳои зебо ва вазиши бод нисбат ба дигар кӯлҳои Бадахшон бартарӣ дорад ва ин хусусияти хоси кӯлро ба назар гирифта, Ассотсиатсияи сайёҳӣ- экологӣ ва фарҳангии Помир давоми чор сол аст, ки дар он фестивали Регатаро доир мекунад.
Ба иттилои Зоолшо Фаросатшоев, дар ин марказ якчанд меҳмонхона ва қаҳвахона ба сайёҳон хизмат меасонанд ва бо зиёд гардидани сайёҳон оянда дар назар аст, ки чандин марказҳои хадамоти маишӣ дар деҳа ба фаъолият шурӯъ кунанд.








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






