Хатлон: Баргузории ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилоят ва даъвати муттаҳидӣ аз насли ояндасоз

Октябрь 19, 2016 16:59

Қурғонтеппа, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 октябр, дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ҷаласаи якуми Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси вилояти Хатлон бо иштироки раисон ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъалаи саҳми ҷавонони вилоят дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласаи Шӯро раиси вилояти Хатлон саҳми ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро ба созандагию бунёдкорӣ, муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, ки дар симои ҷавонони имрӯза насли ояндасози миллатро мебинад, даъват кард.

Октябрь 19, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад