ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар илми ҳуқуқшиносӣ истиқлолият на танҳо як категорияи сиёсӣ, балки маҷмуи кафолатҳои ҳуқуқӣ, конститутсионӣ ва маънавист, ки ба давлат имкон медиҳанд ҳокимияти худро дар дохил ва берун амалӣ намояд. Яке аз асосҳои бевоситаи пойдории ин кафолатҳо — худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Ин мафҳумҳо дар таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи марказӣ доранд. Ҳамон тавре ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, «шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи муқаддаси имрӯзаи мост».
— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, «худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯйи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ мекунад». Дар илми ҳуқуқшиносӣ ин гуфтор маънои онро дорад, ки худшиносӣ ҳамчун қоидаи умумии ҳуқуқӣ амал мекунад, ки барои ҳама субъектҳои ҳуқуқ — шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҳатмӣ мебошад. Бе ин «қутбнамо» низоми ҳуқуқӣ метавонад самти худро гум кунад, зеро қонунҳо бе асоси маънавӣ ва фарҳангӣ самаранок нестанд.
Ватандорӣ дар мазмуни ҳуқуқӣ на танҳо эҳсоси одӣ, балки вазифаи конститутсионӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43 муқаррар намудааст, ки «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Вақте Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносиро ҳамчун қутбнамои ватандӯстӣ муаррифӣ мекунанд, онҳо дар асл ба ин моддаи конститутсионӣ мазмуни амиқи маънавӣ мебахшанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ваҳдати миллӣ чунин иброз намудаанд: «Худшиносӣ ва дарёфти ҳувияти миллӣ омилҳое мебошанд, ки моро беш аз пеш ба ваҳдат ва гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ниёгонамон ҳидоят мекунанд». Аз нигоҳи ҳуқуқшиносӣ, ваҳдати миллӣ на як эълони одӣ, балки принсипи конститутсионие мебошад, ки дар моддаи 1 ва моддаи 6 Конститутсия инъикос ёфтааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд”.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси ягонагии ҳудудӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамкории ҳуқуқии шаҳрвандон амал мекунад. Дарёфти ҳувияти миллӣ — ин фаҳмидани он аст, ки «мо кистем?», «аз куҷо омадаем?», «ба куҷо меравем?». Бе чунин дарк ваҳдати миллӣ ғайриимкон аст. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар солҳои 1992–1997 нишон дод, ки заифии худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ ба фалокатҳои бузург оварда мерасонад. Баъд аз барқароршавии сулҳ Пешвои миллат ҳамаи кӯшишҳои худро ба мустаҳкам кардани ваҳдат равона намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳёи тафаккури миллӣ чунин иброз медоранд: «Эҳёи тафаккури миллӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгон воситаи муассири худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, халқу миллатро аз тариқи ваҳдату ягонагӣ ба пешрафтҳои азим хоҳад расонд». Аз мавқеи ҳуқуқшиносӣ эҳёи тафаккури миллӣ дар якчанд санадҳои меъёрӣ ҳифз мешавад: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2 оид ба забони давлатӣ, моддаи 40 оид ба сарватҳои фарҳангӣ ва маънавӣ), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024 «Дар бораи фарҳанг» ва ғайра.
Ин санадҳои меъёрӣ ба таври дақиқ муайян мекунанд, ки эҳёи тафаккури миллӣ на танҳо ҳуқуқ, балки вазифаи конститутсионии давлат аст. Давлат вазифадор аст, ки барои ҳифзи забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии тоҷикон заминаҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ фароҳам оварад. Дар ин замина Пешвои миллат дар солҳои истиқлол якчанд ташаббусҳои ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд, аз ҷумла таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, таъсиси Рӯзи забон, таъсиси Рӯзи фарҳанги тоҷик ва ғайра.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаҳои худшиносии миллиро чунин муайян мекунанд: «Худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад». Аз мавқеи ҳуқуқшиносӣ ҳар як аз ин панҷ сарчашма метавонад ҳамчун маҳаки ҳуқуқ баррасӣ шавад:
Ватан — Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2022 «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»). Ҳифзи Ватан дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси шаҳрванд эътироф шудааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи мудофиа», аз 1 августи соли 1997 «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи амният», аз 24 декабри соли 2022 «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳифзи Ватанро танзим мекунанд.
Модар — дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024 «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳифзи ҳуқуқҳои модар ва кӯдакро таъмин менамояд. Ин санадҳои меъёрӣ муносибат ба модарро ҳамчун арзиши олӣ муқаррар мекунанд.
Забони давлатии Тоҷикистон чун забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 2) мустаҳкам карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «забони миллӣ пояи асосии ҳувият ва худшиносии миллат мебошад». Моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамояд, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати он ҳатмӣ мебошад. Яъне вазифаи ҳар шаҳрванд — забони давлатиро донистан, эҳтиром кардан ва такмил додан аст.
Таърих — ҳамчун маҳаки ҳуқуқи фарҳангӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024 «Дар бораи фарҳанг» ҳифз мешавад. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки «таърих ва фарҳанг беҳтарин василаи худшиносии миллӣ мебошанд». Таҳрифи таърихи миллӣ, нодида гирифтани дастовардҳои ниёгон ҳамчун ҷиноят бар зидди ҳувияти миллӣ баррасӣ мешавад.
Арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ки ҳамчун қисми мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шинохта мешаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 “Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” муқаррар менамояд, ки сарватҳои таърихию фарҳангӣ – ашёи моддии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, ки сарватҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд. Ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, новобаста ба шакли моликият, ки таҳти амали қонуни мазкур қарор мегиранд, инҳо мансубанд: асарҳои офаридаи шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд; асарҳои офаридаи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд; бозёфтҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; асарҳои дар осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, хазинаҳо, китобхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, бойгониҳо, аз ҷумла бойгониҳои сабти овозӣ ва навори видеоӣ, нигористонҳои бадеӣ, коллексияҳо ва махзанҳои дигар ҷамъоваришуда; бозёфтҳои экспедитсияҳои иктишофӣ, бостоншиносӣ, фолклорӣ, табиӣ ва илмӣ; асарҳои дар натиҷаи мубодилаи ихтиёрӣ бадастоварда; асарҳои бозёфтшуда, ба сифати мерос ва ҳадя бадастоварда ё бо роҳи дигари қонунӣ бадастоварда, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳое, ки онҳо ба вуҷуд омадаанд; асарҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда; коллексияҳои хусусӣ.
Тоҷикистон ба Конвенсияи ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ» (соли 2003) пайвастааст. Дар ин замина, Пешвои миллат чунин таъкид менамоянд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳифзи Наврӯз — ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши истиқлол чунин иброз медоранд: «Истиқлолият дари худшиносиро ба рӯйи миллати тоҷик боз намуд». Аз мавқеи ҳуқуқшиносӣ, истиқлолият на танҳо рӯйдоди рамзӣ, балки манбаи бевоситаи ҳуқуқ мебошад. Маҳз истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки Конститутсияи худро қабул кунад, ки он ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳувияти миллӣ ва фарҳангиро эътироф кунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид менамоянд, ки «болоравии худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолият мебошад». Дар суханронии дигар Пешвои миллат ин мавзуъро васеътар баён менамоянд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлоли мо ин аст, ки миллати тоҷик дубора ба асли хеш, яъне ҳувияти таърихии худ баргашт, мероси чандинҳазорсолаи фарҳангӣ, илмиву адабӣ, забони ноби тоҷикӣ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худро эҳё кард, соҳибӣ намуд ва омӯзиши онҳоро аз нигоҳи нав ба роҳ монд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурати огоҳии ҳар фард чунин меандешанд: «Ҳар фарди ҷомеа бояд аз таърих ва фарҳанги миллӣ огоҳ бошад». Аз мавқеи ҳуқуқшиносӣ, ин на танҳо тавсия, балки талаби бевоситаи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки таърихи халқи тоҷикро бидонад, ба забони тоҷикӣ эҳтиром гузорад, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро ҳифз кунад, суннатҳо ва урфу одатҳои миллиро эҳтиром кунад ва дар рушди фарҳанги миллӣ саҳм гузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки «мо бояд ба ҳар зарра хоки ин диёри муқаддас содиқ бошем, худшиносу худогоҳ бошем ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии хешро дар назди давлат, миллат ва Ватани азизамон ҳаргиз фаромӯш насозем». Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» таҷассум ёфтааст, ки ҳисси шаҳрвандӣ — ҷонибдории шахс аз манфиати давлат ва ҷомеа, низоми муносибат, рафтор ва фаъолияти ба он мувофиқ дар шароити давлат аст. Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд: 1) нисбат ба мерос, сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳифзу нигоҳдории онҳо бомасъулият буда, муносибати ғамхорона зоҳир намоянд; 2) фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, урфу одат, ҷашну маросими халқи тоҷик, гурӯҳҳои этникӣ ва забонҳои дигарро эҳтиром намоянд; 3) ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки боиси вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ мегарданд, роҳ надода, тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои муқаррарнамударо дар ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои намоишии фарҳангӣ ва чорабиниҳои дигари оммавӣ риоя намоянд; 4) ба ҷойҳои гузарондани чорабиниҳои намоишии оммавӣ маводи сахттаъсири мадҳушкунанда ва моддаҳои дигар, ки истифодаи онҳо метавонад ба ҳаёт ва саломатии одамон зарар расонад ва ё хавфнок бошад, бо худ наоранд; 5) ба саҳна, майдон, тахтасуфа, чуқурии оркестр, инчунин макони ҷойгиршавии тамошобинон ҳангоми гузарондани чорабиниҳои намоишии оммавӣ ҳар гуна ашёи ба ҳаёт ва саломатии инсон хавфнокро напартоянд; 6) ба истифодаи шиору овезаҳо, рамзҳо ва ашёи аёнии дигар, ки ба барангехтани низоъҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, маҳалгароӣ ва авлодӣ равона гардидаанд, инчунин ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми гузарондани чорабиниҳои намоишии оммавӣ поймол мекунанд, роҳ надиҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурати бесобиқаи худшиносӣ чунин иброз медоранд: «Бе худшиносии миллӣ ҳеҷ миллат наметавонад пойдор бошад». Ин принсип асоси назариявии ҳуқуқи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва ҳуқуқи конститутсионии давлатҳои соҳибистиқлол мебошад. Миллат метавонад пойдор бошад, агар забони он ҳамчун забони давлатӣ ҳифз шавад, таърихи он ҳамчун қисми мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф шавад, суннатҳо ва урфу одатҳои он дар қонунҳои миллӣ ҳифз шаванд, арзишҳои миллии он ба наслҳои оянда интиқол дода шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҷомеаи ҷаҳониро низ дар ин хусус огоҳ мекунанд: «Миллати тоҷик бо шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз карда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ шинохта шудааст». Ин шинохт натиҷаи бевоситаи худшиносии қавӣ ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Давоми солҳои истиқлол Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи худшиносии миллӣ пешрафтҳои назаррас ба даст овард:
- Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мустаҳкам шуд, ҳуқуқҳои фарҳангии шаҳрвандон эътироф шуданд.
- Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки анъанаҳои миллиро аз таъсири бегона ҳифз кард.
- Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», ки ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, рушди санъати миллӣ ва ташаккули ҳувияти фарҳангиро танзим мекунад.
- Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», ки объектҳои мероси таърихиро ҳамчун моликияти миллии Тоҷикистон эълон кард.
- Таъсиси мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи фарҳанг ва забон — аз ҷумла, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ.
- Пайвастани Тоҷикистон ба санадҳои байналмилалии ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла Конвенсияи ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ», Конвенсияи ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангӣ дар замони ҷанг» ва ғайра.
Таҳлили ҳуқуқии суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ на танҳо мафҳумҳои фалсафӣ ё фарҳангӣ, балки принсипҳои асосии ҳуқуқии ҳифзи истиқлол, ваҳдат ва пойдории давлат мебошанд. Ҳамон тавре ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, «шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи муқаддаси имрӯзаи мост». Ин вазифа дар Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ ва санадҳои байналмилалӣ таҷассум ёфтааст.
Дар асоси таҳлили мазкур пешниҳодҳои зерини амалӣ барои такмили бештари заминаи ҳуқуқии худшиносии миллӣ манзур мешаванд:
- Дар ҳама зинаҳои таҳсилот, аз кӯдакистон то донишгоҳ фанҳои «Таърихи халқи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Адабиёти тоҷик», «Фарҳанги миллӣ» ва «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» бо ҷиддият таълим дода шаванд. Китобҳои дарсӣ бояд ба таври илмӣ ва беғараз таҳия гарданд.
- 2. Барномаҳои махсуси телевизионӣ ва радиоӣ дар бораи таърих, фарҳанг, забон, суннатҳои тоҷикон бештар таҳия гарданд. Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар бораи шахсиятҳои бузурги таърихии тоҷикон таҳия ва пахш карда шаванд.
- 3. Ҳар шаҳрванд бояд эҳсос кунад, ки бе худшиносии ӯ пойдории миллат метавонад халалдор шавад. Ҷашнҳои миллию таърихӣ бо шукуҳи бештар баргузор карда шаванд. Фаъолияти осорхонаҳо, китобхонаҳо ва клубҳои фарҳангӣ бояд рушд бахшида шаванд.
Танҳо дар ҳолати дарки ин масъулият аз ҷониби ҳар шаҳрванд ва татбиқи самараноки принсипҳои ҳуқуқии худшиносии миллӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва миллати пойдор дар арсаи ҷаҳон боқӣ хоҳад монд. Ҳамон тавре ки Пешвои миллат фармудаанд: «Бе худшиносии миллӣ ҳеҷ миллат наметавонад пойдор бошад».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои ҳифзи забон, таърих, фарҳанг, суннатҳо ва арзишҳои миллии тоҷикон фароҳам овардаанд. Аммо, санадҳои ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолате самаранок мебошанд, ки ҳар шаҳрванд онҳоро қабул кунад, эҳтиром кунад ва дар амал татбиқ намояд. Маҳз ба ин масъулият ва қарзи шахсӣ Пешвои миллат дар суханрониҳои худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Дар ин росто, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминони комил ба ояндаи нек ва қобилияти миллати тоҷик чунин таъкид мекунанд: «Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!»
Дар ин гуфтор мо метавонем якчанд ҷанбаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро муайян кунем:
Якум: «Итминони комил» — ин ибора аз эътимоди амиқи Пешвои миллат ба халқи худ, ба ватандӯстӣ, сарҷамъӣ ва аҳлонии мардуми Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Аз нигоҳи ҳуқуқшиносӣ, ин эътимод ба он асос ёфтааст, ки мардуми Тоҷикистон давоми солҳои истиқлол садқату вафодории худро исбот кардааст, дар шароити душвори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ваҳдат ва сарҷамъии худро нигоҳ доштааст.
Дуюм: «Аҳлонаву сарҷамъона» — ин ду сифат асоси ҳар ҷомеаи пешрафта мебошанд. Ахлоқ — ин риояи принсипҳои одоб, эҳтиром ба қонун, эҳтиром ба калонсолон, ғамхорӣ нисбат ба хурдсолон ва ҳамкории инсонҳо дар ҷомеа мебошад. Сарҷамъӣ — ин ваҳдат, иттифоқ ва ягонагии сафи миллат дар баробари таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.
Сеюм: «Рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон» — ин ҳадафи олии ҳама фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Аз мавқеи ҳуқуқшиносӣ, рушд ва пешрафт мафҳуми васеъ аст, ки соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, технология ва дигар соҳаҳоро дар бар мегирад. Ободии Ватан маънои ҳифзи муҳити зист, сохтмони роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, корхонаҳо, боғҳо ва дигар иншооти инфрасохториро дорад.
Чорум: «Нуфузу обрӯи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ» — ин нишондиҳандаи муҳимтарини муваффақияти давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Давоми солҳои истиқлол Тоҷикистон нуфузи худро дар созмонҳои байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳо баланд бардоштааст. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи амнияти об, мубориза бо терроризм, рушди устувор ва ҳифзи мероси фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.
Панҷум: «Қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандӣ» — ин мафҳумҳо дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «вазифаи муқаддаси ҳар шаҳранд» таъриф шудаанд. Қарзи миллӣ — ин масъулият нисбат ба миллат, забони миллӣ, таърихи миллӣ, фарҳанги миллӣ ва суннатҳои миллӣ мебошад. Қарзи имонӣ барои мардуми тоҷик, ки бештари онҳо мусулмонанд, ин иҷрои фармоишҳои динӣ, эҳтиром ба арзишҳои мазҳабӣ ва инчунин эҳтиром ба дигар динҳо мебошад. Вазифаи инсонӣ — ин масъулият нисбат ба дигар одамон, кумак ба заифон, эҳтиром ба пирон, ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон мебошад. Вазифаи шаҳрвандӣ — ин риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти андоз, иштирок дар интихобот, ҳифзи Ватан ва ғайра мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханрониҳои ҳикматомези худ ба ин мафҳумҳо мазмуни амиқи ҳуқуқӣ бахшида, онҳоро ҳамчун вазифаи конститутсионии ҳар фард муаррифӣ кардаанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ, вақте ки таҳдидҳои фарҳангӣ, идеологӣ ва сиёсӣ ҳувияти миллии халқҳои хурду миёнаро зери хатар мегузоранд, худшиносии миллӣ ба «қутбнамо» табдил меёбад, ки роҳи дурустро нишон медиҳад. Тоҷикистон бо шарофати роҳбарии Пешвои миллат тавонист ин роҳро пайдо кунад, ҳувияти худро нигоҳ дорад, истиқлоли худро мустаҳкам гардонад ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор








Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст






