Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар байни забонҳои дунё (Дар ҳошияи китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»)

Октябрь 6, 2016 12:10

«Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

           

Пешвои миллат ва забони тоҷикӣ

Душанбе, 06.10.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар давраи Истиқлолият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди забон дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Нашри китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» (2016), ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти ҶТ яке аз падидаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Тибқи мушоҳидаҳо равшанфикрони миллатдўсту дилсўзи забони тоҷикӣ дар бораи забони модарӣ, ки сарнавишти миллат ва кишвар ба он вобаста аст, фикр мекунанд ва барои пойдории ояндаи он ибрози назар менамоянд. То ҳадди имкон гуфтаҳояшонро дар амал табиқ месозанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» дар бораи гузашта ва имрўзи забон суханҳои нек гуфтаанд. Дар оғози сухан воқеъбинона гуфта шудааст: «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Забони тоҷикӣ марбути гурўҳи эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, таърихи тўлониро тай намудааст, ки дар китоби Пешвои миллат дар ин бора ба таври муфассал изҳори назар шудааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба решаҳои забон, ки нишонаҳои он дар китобҳои арзишманди «Авесто» ва «Ведо» инъикос ёфтаанд, таваҷҷуҳ намудаанд. Хеле хуб ва муҳим аст, ки дар рисола баъзе вожаҳои бостонӣ бо вожаҳои забони тоҷикии имрўз ба таври муқоисавӣ пажўҳиш гардида, пайванди забони имрўз бо гузашта нишон дода шудааст.

Ба гуфти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ниёгони мо маҳз ба воситаи ҳамин забон осори гаронбаҳоеро барои мо ба мерос гузоштаанд. Онҳо барои рушди забон фидокориҳо намудаанд. Инро мо аз замони пеш аз мелод аз давраи Ҳахоманишиён мебинем, ки ин забонро дар баробари забонҳои неруманд ба кор мебурданд. Маҳз онҳо забон ва алифбои худро бо номи ориёӣ маъруфӣ намуданд. Баъдтар, пас аз Юнониён, давлати ориёитабори Кўшониён низ забони ориёиро дар тамоми қаламрави хеш густариш доданд. Шоҳи Кўшониён бо номи Канишка навиштаҳои худро ориёӣ гуфтааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора бо далелҳо ва бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ изҳори назар намудаанд.

Баъдтар пас аз истилои араб дар давраи Тоҳириён, Саффориён, бахусус дар замони Сомониёни миллатдўсту фарҳангпарвар, ба забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Дар ин ҷо ба як нукта ишора менамоем, ки вожаҳои тоҷикӣ = форсӣ = дарӣ дар даҳсолаҳои охир ҳамчун муродифи ҳамдигар ба кор мераванд. Маълум аст, ки дар тўли таърихи дуру дароз, дар натиҷаи муҳоҷирати қавму қабилаҳо забон густариш ёфта, аз як забон боз чандин забони дигар пайдо шудааст, ё забон аз байн рафтааст. Ҳамин буд, ки бархе аз забонҳои гурўҳи эронии қадим, ба монанди ориёӣ, авестоӣ, бохтарӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва ғайра бо мурури замон аз байн рафтаанд. Вале хушбахтона, дар тўли беш аз ҳазор сол то ба имрўз ба забони форсии тоҷикии дарӣ, ки идомаи он забонҳост, ин ҳолат рух надодааст. Балки дар давоми беш аз ҳазор сол пойдор мондааст. Яъне забони форсии дарии тоҷикӣ ҳанўз аз ҳамдигар ҷудо нашудаанд. Балки дар садаи бисту як ба ҳамдигар назидик шудани онҳо ба назар мерасад.

Агарчи дар замони муосир нисбат ба забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) се истилоҳ ба кор меравад, ин маънии онро надорад, ки онҳо се забонанд. Тамоми форсизабони фарҳангпарвар, ки дар тамоми гўшаву канори дунё зиндагонӣ мекунанд, ин се номро бояд азиз доранд ва онро аз якдигар ҷудо нашуморанд. Чунки имрўз дар арсаи сиёсати дунё ин се вожае, ки як маънӣ доранд, барои се кишвари мустақил ба кор мераванд. Дар ин ҷо чун далели мантиқӣ метавон чанд сатре аз ҳамон шеъри машҳури шоири хушбаёну ширинкаломи тоҷик устод Муъмин Қаноат биоварем:

 

Форсӣ гўӣ, дарӣ гўӣ варо,

Ҳар чӣ мегўӣ, бигў.

Лафзи шеъру дилбарӣ гўӣ варо,

Ҳар чӣ мегўӣ, бигў.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст.

 

Ба гуфти Пешвои миллат, забони мо дар тўли таърих ҳамеша пайвандгар ва ваҳдатофарини тамоми мардумони эронитабор ва ҳатто қавмҳои дигар будааст. Дар ин забон аз замони Сомониён то имрўз дар тамоми бахшҳои улуми иҷтимоӣ ва дақиқ осори зиёде таълиф шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври пайдарпай решаҳои гузашта, таҳаввул ва ба мушкилиҳо дучор шудани забонро дар партави таърих мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар китоб роҷеъ ба пайдоиши тоҷикон ва забони онҳо дар асоси манобеи илмӣ изҳори назар гардида, дар айни замон ба ҳудуди густариши он низ ишорат шудааст. Маълум мешавад, ки забони тоҷикии форсии дарӣ дар гузаштаҳо аз баҳри Миёназамин то Чин забони байналмилалӣ будааст. Дар раванди суханони худ Пешвои миллат ба навиштаҳои пажўҳандагони шарқию ғарбӣ такя намуда, ҳар гуфтаи худро бо далелҳои илмӣ асоснок намудаанд.

Барои дарки бештари моҳияти забон дар китоби мазкур рушди фарҳанг, адаб, фаъолияти илмию адабии шахсиятҳои маъруфи садаҳои ҳашт ва баъд мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз таҳлилҳо маълум мешавад, ки забони тоҷикии форсии дарӣ дар тамоми соҳаҳо истилоҳоти зиёди илмиро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рў таъкид шудааст, ки забон бояд сарчашмаи муҳим барои омўзиши фарҳанг, таърих, адаб ва дигар соҳаҳои илм бошад. Аз мутолиаи китоб маълум мешавад, ки забони тоҷикии форсии дарӣ дар ҳар давру замон пайвандгари қавмҳо ва миллатҳо будааст.

Истилоҳи забони тоҷикӣ, ки дар садаи бист ба вуҷуд омада, дар давраи Истиқлолият ҷойгоҳи худро ёфт, бо номи Тоҷикистон вобастагии ногусастанӣ пайдо карда, забони расмии он гардид. Имрўзҳо дар арсаи ҷаҳон забони тоҷикӣ ҷойгоҳи сиёсӣ ва фарҳангии худро дарёфт. Дар китоб таъкид гардидааст, ки забон яке аз муқаддасоти муҳимтарин кишвари мо аст. Ин забон барои мо осори беназиреро дар ҳамаи соҳаҳои илму фарҳанг ба мерос гузоштааст, ки акнун мо бояд тибқи гуфтаҳои Пешвои миллат онро равнақ диҳем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад».

Модоме ки забон «муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсӣ», «рукни асосии давлатдорӣ», «бунёд ва пояи давлат маҳсуб» шавад, пас чаро забони тамоми бахшҳои илм ба забони тоҷикӣ сурат нагирад? Яке аз ниёзҳои ҷомеа- ин ташвиқи густурдаи илм ба забони тоҷикӣ мебошад, ки Президенти муҳтарам дилсўзона пешниҳод намудаанд: «Ҳоло замоне фаро расидааст, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бояд ҷавобгўи ниёзҳои ҷомеа ва даврони муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд».

Бале, чунин замоне фаро расидааст, ки орзуи ҳар равшанфикри дилсўз амалӣ намудани ин ормонҳо бояд бошад ва ҳамчунин кўшиши ҳар зиёии фарҳангпарвар аз ҷониби ҳукумати кишвар дастгирӣ гардад. Яъне масъулоне, ки дар сари ин кор ҳастанд, бояд муаззаф бошанд, ки барои иҷрои супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои амалӣ андешанд, онро ба таври муназзам назорат кунанд ва барои шахси фарҳангии боандеша ва дорои идеяҳои муфид шароит муҳайё намоянд.

 

Решаи ягона доштани забонҳои дунё ва забони тоҷикӣ

Имрўз замоне фаро расидааст, ки давлат ба тарбияи инсони бохирад, миллатдўст ва ватнпарвар бояд таваҷҷуҳи зиёд диҳад. Хушбахтона, дар кишвари мо чунин аст. Дар тамоми кишварҳои пешрафта ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Чунки онҳо медонанд, ки агар ояндаи миллат ва кишвар ба дасти шахсони бомаърифат бошад, дар он ҷо инсонҳо ба пешрафтҳои бузург ноил мегарданд ва барои умри бардавоми забону фарҳанги миллати хеш хидмат менамоянд. Агар шахс донишпарвару фарҳангдўст бошад, ба пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа таъсири арзанда мегузорад. Аз ин рў, мо бояд сабақҳои таърихи ниёгони худ, аз ҷумла Сомониёнро, пеш аз ҳама, барои баланд бурдани сифати ақлонии шахси ояндасози донишпарвар равона созем, то ки дар канори миллатҳои пешрафтаи дунёи муосир қарор бигирем. Фақат ба воситаи забон мо метавонем ба ин кор сазовор гардем.

Ҳоло ҷаҳонӣ шудани забону фарҳангҳои кишварҳо шурўъ шудааст, ки дар ин самт нақши воситаҳои техникӣ зиёд аст. Ба гуфти Саъдии бузургвор тамоми башар ба самти «банӣ одам аъзои якдигаранд» равон аст. Ҳоло он тасаввуроте, ки бани одам дар асл аз як реша будааст ва шояд забони ягона ҳам доштааст, мавриди таҳқиқ ва таҳлили пажўҳандагони илмҳои гуногун қарор гирифтааст. Модоме ки ҳамин тавр аст, пас, оё инсон дар гузашта соҳиби забони ягона будааст?

Бале, имрўзҳо бо далелҳои илмӣ забоншиносон Джозеф Гринберг, Меррит Рулен, Виталий Викторович Шеворошкин, Сергей Анатолевич Старостин, Квентин Аткинсон, Танмой Бхаттачаря, Ҳуҷҷати Асадоиён ва дигарон дар кишварҳои гуногуни олам, пас аз баррасиҳои тўлонӣ, тахмин мекунанд, ки ҳамаи забонҳои дунё решаи ягона доштаанд. Ба гуфти муҳаққиқон, ҷаҳонишавӣ башарро боз ба ин самт равона намудааст. Аз ин рў, яке аз масълаҳои ҷиддии муосир бо суръат аз байн рафтани забонҳои зинда аст. Ҳар забоне, ки дар ин ҷаҳонишавӣ муқовимат карда наметавонад, аз байн меравад. Забон, ки аз байн рафт, миллат ва кишвар низ пойдор намемонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионӣ ба муносибати рўзи забон, 4-октябри соли 2016, бори дигар дар ин бора ёдовар шуда гуфтанд: «…тавре ки таъкид карда будам, «забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».

Пас, агар мо хоҳиши дар канори забонҳои дигари дунё пойдор мондани забони тоҷикиро дошта бошем, бояд талош намоем, ки он дар ҳамаи арсаҳои ҷомеа, аз ҷумла риштаҳои гуногуни илм, ба таври ҷиддӣ фаъол бошад, ки ин дар дасти худи мост.

 

  Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар байни забонҳои дунё

Барои он ки ҷойгоҳи забони тоҷикиро дар канори забонҳои дигари ҷаҳон эҳсос намоем ва сипас дар бораи ояндаи он ба таври ҷиддӣ фикр кунем, ба баъзе аз омори забонҳои дунё назар меандозем.

Забоншиносони ҷаҳон ва ҳамчунин расонаҳои ахбор (бахусус дар ИНТЕРНЕТ) ёдовар мешаванд, ки дар ҷаҳон аз 6 то 7 ҳазор забон мавҷуд аст. Гоҳе ададашро камтар нишон медиҳанд, ки теъдоди аслӣ дақиқан маълум нест. Даҳ забоне, ки бо он аксари мардумони олам гап мезананд, инҳост:

 

Чинӣ (гўиши мандаринӣ) 1, 075, 000, 000
Англисӣ 514, 000, 000
Испанӣ 425, 000, 000
Русӣ 275, 000, 000
Арабӣ 256, 000, 000
Бенгалӣ 215, 000, 000
Португалӣ 194, 000, 000
Малайӣ-индонезӣ 176, 000, 000
Франсузӣ 129, 000, 000

 

Пажўҳандагон ёдовар шудаанд, ки дар соли 1996 дар ШМА шахсе бо номи Туча вафот кард. Ў охирин шахсе буд, ки забони «катоуба»-и индейсҳои қабилаи Сиу-ро медонист. Пеш аз маргаш намунаи нутқ ва сурудҳои маросимии забони ўро Институти Смитсонов сабт кард, ки ин муассиса барои илм хидматҳои арзанда кардааст. Бо таассуф, забон низ бо охирин намояндаи худ ана ҳамин тавр номаълум мемирад. Ба гуфти олимон, пас аз 100 сол аз 3000 то 6000 забон аз байн мераванд. Пажўҳандагон ёдовар мешаванд, ки барои зинда мондани забон бо он бояд 100 ҳазор кас гап занад. Мегўянд, ки дар замони мо бештар аз 400 забон дар ҳолати аз байн рафтан аст. Аз ҷумла ин забонҳо:

 

Африқо Забони бикиа 1 нафар гап мезанад
Африқо Забони гоундо 30 нафар гап мезананд
Африқо Забони элмоло 8 нафар гап мезананд
Америкаи ҷанубӣ Забони техулче

 

Қариб 30 нафар гап мезананд
Америкаи ҷанубӣ Забони итонама Қариб 100 нафар гап мезананд
Америкаи шимолӣ Забони кагуила 35 нафар гап мезананд
Америкаи шимолӣ Забони чинук 12 нафар гап мезананд
Америкаи шимолӣ Забони канса 19 нафар гап мезананд
Русия Забони керек 2 нафар гап мезананд
Русия Забони удэге 100 нафар гап мезананд
Австралия Забони алауа Қариб 20 нафар гап мезананд

 

Хушбахтона, тибқи охирин иттилооти омори ҷаҳонӣ, ки дар ИНТЕРНЕТ низ чоп шудааст, забони форсӣ, ки тоҷикии дарӣ муродифи он аст, яке аз 23 забони асосии дунёст, ки моро зарур аст барои пойдории он талоши бештар намоем.

Дар асоси нашри 17-уми донишномаи «Мардумшиносӣ: Забонҳои ҷаҳон» («Ethnologue: Languages of the World»), моҳи марти соли 2016, дар ИНТЕРНЕТ ҷадвале чоп шуд. Дар асоси омори ин ҷадвал маълум шуд, ки дар дунё ба 23 забон беш аз 60 миллион нафар гап мезадаанд. Забони форсӣ яке аз онҳо будааст:

 

Номи забонҳо Теъдоди

сухангўён

Кишварҳои

асосӣ

Теъдоди

кишварҳое,

ки гап мезананд

1 Чинӣ 1 302 000 000 Чин 35
2 Испанӣ 427 000 000 Испания 31
3 Англисӣ 339 000 000 Британияи Кабир 106
4 Арабӣ 267 000 000 Миср 58
5 Ҳиндӣ 260 000 000 Ҳиндустон 4
6 Португалӣ 202 000 000 Бразилия 12
7 Банголӣ 189 000 000 Бангладеш 4
8 Русӣ 171 000 000 Русия 17
9 Японӣ 128 000 000 Япония 2
10 Лаҳнда (Панҷоби ғарбӣ) 117 000 000 Покистон 8
11 Яванӣ 84 300 000 Индонезия 3
12 Кореягӣ 77 300 000 Корея 7
13 Олмонӣ 76 900 000 Олмон 26
14 Фронсавӣ 75 900 000 Франсия 53
15 Телугу 74 200 000 Ҳиндустон 2
16 Мратҳӣ 71 800 000 Ҳиндустон 1
17 Туркӣ 71 400 000 Туркия 8
18 Урду 68 600 000 Покистон 6
19 Ветнамӣ 68 000 000 Ветнам 3
20 Тамилӣ 67 800 000 Ҳиндустон 7
21 Италиявӣ 63 400 000 Италия 13
22 Форсӣ 60 600 000 Эрон 30
23 Малайӣ 60 600 000 Малайзии 1

 

Дар донишномаи мазкур фақат он касоне, ки дар тамоми дунё забони худро форсӣ мегўянд, оварда шудааст. Дар ин донишнома забони тоҷикӣ ва дарӣ гўё забонҳои мустақил ҳастанд. Агар ба ин омор тамоми форсизабонони дунё илова гардад, ки тибқи тахминҳои мантиқӣ беш аз 100 миллион ҳастанд, он гоҳ забони форсии дарии тоҷикӣ ба ҷои 11-ум мебарояд. Модоме ки чунин аст сиёсатмадорон, фарҳангиёни кишварҳои форсизабон бояд барои рушди ҳамҷонибаи ин забони оламшумул таваҷҷуҳ намоянд, то он дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро ҳамеша дошта бошад. Ҳоло ҳамаи миллатҳои бофарҳанг ба рушди забони худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Яъне забони худро аз ҳар гуна «балоҳо» барои эмин нигоҳ доштан кўшиш менамоянд.

Мо бояд талош намоем, ки ҳар чи зудтар тамоми истилоҳоти умури сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, пизишкӣ, улуми дақиқ ва амсоли ин баҳри пойдории забони форсии дарии тоҷикӣ ба якдигар наздик шаванд. Албатта, ин кор бо забони тоҷикӣ то ҳадде шурўъ шудааст, вале амалӣ намудани он суст аст.

 

  Забони илм бояд тоҷикӣ бошад

Акнун замоне расидааст, ки роҳҳои ҳалли ба забони тоҷикӣ навиштан ва дифоъ намудани асарҳои илмӣ пайдо гардад. Мо медонем, ки амалӣ намудани ин кор мушкил аст, вале бояд шурўъ кард. Ҳарчи зудтар шурўъ намоем, ҳамон қадар қадамҳои ҷиддӣ ба пеш мегузорем. Ҳар чи дертар оғоз намоем, дар канори рушди технологияи имрўз ва инкишофи забонҳои дигари олам қафо мемонем. Мо хоҳем ва нахоҳем, дар оғози садаи ХХ1 пешрафтҳои воситаҳои техникӣ, мусобиқаи фарҳангӣ ва илмӣ, ки он фақат тавассути забон сурат мегирад, ба авҷи баланд расидааст.

Пешвои миллат оқилона гуфтаанд: «Рўзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем».

Яке аз масъалаи бисёр муҳим барои рушди бештар ва пойдор мондани забон, ин тамоми рисолаҳои илмиро ба забони тоҷикӣ навиштан аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро дарк намуда, борҳо дар суханрониҳои хеш ба ин масъала ишоратҳо кардаанд. Эшон таъкид намудаанд, ки коргузории тамоми бахшҳои илм бояд ба забони тоҷикӣ бошад. Барои дар амал татбиқ намудани ин суханони Ҷаноби Олӣ дастандаркорони миллат бояд камари ҳиммат банданд. Дар зудтарин фурсат ба забони тоҷикӣ навиштани рисолаҳои илмиро дар ҳамаи бахшҳои илм ба инобат гиранд. Суханони ҷиддӣ ва қотеъонаи Пешвои миллатро фаромўш накунанд: «Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илми муосир ба вуҷуд оварда шавад».

Хеле хуб гуфта шудааст, ки «бо ин забон истилоҳи илмӣ», «сабки нигориши илми муосир ба вуҷуд оварда шавад». Бо таассуф, ҳанўз ҳам ба таври пурра ин масъала ҳалли худро пайдо накардааст. Маълум аст, ки суханони Сарвари кишвар беҳуда нест. Дар давоми суханони худ эшон боз ҳам ёдовар шуда, пурсамар намудани фаъолияти сохторҳои давлатиро, ки корашон ба забон вобаста аст, таъкид намуда буданд: «Барои ба тамоми арсаҳои илм ворид гардидани забони давлатӣ тадбирҳои зиёдро бояд амалӣ кард. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, бояд фаъолияти сохторҳои давлатие, ки ба татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба забон машғуланд, хеле пурсамар карда шавад».

Пешвои миллат ин гуна суханонҳоро борҳо гуфтаанд. Вале онҳо то имрўз пурра амалӣ нашудаанд. Баъзеҳо мегўянд, ки илми мо тавассути забони дигар ба берун мебарояд ва ё кадр намерасад. Имрўзҳо дар кишварҳои гуногуни дунё дар ҳамаи соҳаҳо тоҷикон таълим мегиранд, онҳо ҳамчун неруи ақлонӣ бояд барои пешрафти кишвари худамон Тоҷикистон истифода шаванд.

Барои он ки забон пойдор бимонад, бояд масъалаҳои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ бо ҳамкории олимони тамоми соҳаҳои кишварҳои ҳамзабон (Эрону Афғонистон) сурат бигирад. Ба гуфти Пешвои миллат, бахусус олимони забон ва адабиёт дар як маркази илмии муҳим муттаҳид шаванд: «Истифодаи фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, бахусус дар соҳаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамчунин робитаҳои байналмилалӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва дигар давлатҳои хориҷӣ зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи илмӣ ва амалии онро дар як маркази мўътабари илмии академӣ ба миён меорад. Танҳо чунин марказ метавонад дар асоси маводи мўътабари забонӣ ва ганҷинаи осори гузаштаву имрўза аз роҳи таҳлилу ташхиси истилоҳоти муосир дар шароити рушди рўзафзуни илму техника ва технологияи навин дар татбиқи сиёсати давлатии забон нақши муҳим ва асосӣ иҷро намояд».

Дар айни замон барои зудтар амалӣ шудани ин гуфтаҳои Пешвои миллат Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ-ро дастгирӣ бояд кард, то рисолаҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба забони тоҷикӣ дифоъ шаванд. Албатта, ин кор осон нест, вале роҳи ҳалли онро бояд пайдо кард!

Пешвои миллат дар зудтарин фурсат Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода, гуфта буданд: «Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон бо ин, эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад. Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат мусоидат намояд”.

Ба гуфти Пешвои миллат, зиёиёни пешқадам дар канор нашинанд, барои ободии ин ё соҳае, ки худашон дар он самт кор мекунанд, бояд талош варзанд. Роҳу равиши иҷрои амали некро пайдо карда, барои иҷрои он кўшиш намоянд. Дар айни замон вазифадорон низ зуд барои ҳалли масъала шароит муҳайё намоянд. Барои он ки забони илм зудтар тоҷикӣ шавад, Сарвари кишвар гуфта буданд, ки масъулон бояд аз паи супоришҳо шаванд: «Барои дар мақоми забони илм қарор додани забони тоҷикӣ бояд, пеш аз ҳама, ба низоми таҳсилоти миёна ва олӣ такя карда шавад. Зеро соҳаи мазкур асоси рушди забони адабӣ ва ҳамзамон забони илм мебошад».

Модоме ки Сарвари кишвар чунин гуфта бошанд, пас чӣ лозим аст кашол додани кор? Барои дарки бештари масъала ба чанд нукта ишорат мекунем.

Имрўзҳо дар ҳамаи соҳаҳо, ҳатто риштаҳои забон ва адабиёт низ рисолаҳо ба забони русӣ дифоъ мешаванд. Модоме ки забон дар ин самт фаъол нест, пас чӣ гуна истилоҳоти илмии риштаҳои дигарро ба вуҷуд меорем? Яъне як бахши забон дар рушди илм дар кишвари мо нофаъол мемонад.

Умед дорем, ки дар зудтарин фурсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ (барои дар тамоми риштааҳо ба забони тоҷикӣ навиштани рисолаҳои илмӣ) ёрии худро дареғ намедорад ва ҳамчунин иҷрои гуфтаҳои Президенти муҳтарамро зери назорати масъулини худ қарор медиҳад. Барои дар амал табиқ намудани гуфтаҳои Пешвои миллат чанд пешниҳод дорем:

  1. Ба гуфти Пешвои миллат донистани забони русӣ, англисӣ ва забонҳои дигар лозим аст. Бахусус забони русӣ муҳим аст. Аввал ин аст, ки маҳз бо ин забон осори зиёди илмии кишварҳои гуногуни олам тарҷума шудаанд. Дигар ин аст, ки бунёди ҳамаи соҳаҳои илми Тоҷикистони муосир аз Русия аст. Ҳоло шароит ба вуҷуд омадааст, ки забони тоҷикӣ низ дар баробари забонҳои дигари олам рушд ёбад. Аз ин рў, яке аз пояҳои устувори забон ин таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ аст. Агар дар ҳамаи соҳаҳо ба забони тоҷикӣ асарҳои илмӣ таълиф гарданд, истилоҳоти илмии зиёд ба вуҷуд меоянд, забон инкишоф меёбад ва мавқеи ояндаи забон низ уствор мешавад.
  2. Пас аз истиқлолияти Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамзабони мо дар риштаҳои забон, адабиёт ва фолклор унвонҷўёни зиёде ба забони форсии тоҷикӣ (бо алифбои арабиасос) рисолаҳои илмӣ дифоъ карда, сазовори мадраки илмӣ гардиданд. Агар чунин рисолаҳои илмӣ дар илмҳои дақиқ ба забони тоҷикӣ дифоъ шаванд, он гоҳ барои мустаҳкам намудани забонамон ҳиссае гузошта мешавад.
  3. Баъзе аз пажўҳандагон мегўянд, ки агар мо дар риштаҳои улуми дақиқ ба забони тоҷикӣ рисола нависем, дар арсаи байналмилалӣ бо натиҷаи кори мо ошно намешаванд. Не, ин тавр нест. Агар асари илмӣ пухта ва арзанда бошад, он тавассути забони тоҷикӣ низ дар арсаи байналмилалӣ мебарояд. Зарур бошад, тарҷума мешавад. Ҳоло садҳо ҷавонони мо дар риштаҳои гуногуни илм дар кишварҳои хориҷӣ маҳз тавассути забони тоҷикӣ ҷойгоҳи худро пайдо кардаанд. Нуктаи дигар ин аст, ки метавон авторефератҳои рисолаҳои илмӣ ба забони русӣ ва англисӣ таълиф шаванд.
  4. Баъзеҳо мегўянд, ки: «дипломи Русия эътибори баланд дорад, дар Ғарб дипломи моро намепазиранд». Ин суханро дар асоси кадом санади ҳуқуқӣ мегўянд, маълум нест. Пазируфтани ҳар мадрак тибқи қонун ва санадҳои меъёрии ҳамон кишвар амалӣ карда мешавад. Чунин қоида дар кишвари мо низ ҳаст. Масалан, пеш аз он ки хориҷиён ба давраи аспирантура ба донишгоҳҳои мо ворид шаванд, тибқи қонунҳои мавҷуд мадраки онҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назар гузаронида, ба онҳо мадрак медиҳад. Баъдан онҳо таҳсили худро идома медиҳанд. Ҳоло кишварҳои аврупоӣ кўшиш доранд, ки низоми таълими худро ба якдигар наздик созанд ва мувофиқи қарори низоми «балония» мадорики якдигарро бипазиранд.
  5. Ахиран филмҳо, сурудҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо бо гўиши тоҷикӣ аз тариқи телевизиони кишварҳои ҳамзабон ва баръакс, аз телевизиони Тоҷикистон пахш мешаванд, ки хеле хуб аст. Ин корҳо забонро мустаҳкамтар месозад. Дар кишвари Эрон ҳазорон асарҳои бадеӣ ва илмӣ дар тамоми риштаҳо аз забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума мешаванд, ки агар мо дар Тоҷикистон аз онҳо истифода бикунем, бо истилоҳоти зиёд ошно мешавем. Ҳамчунин он дастовардҳои илмии забони тоҷикиро, ки пешкаши ҳамзабонони худ намоем, ҳамоҳангиҳои бештар барои истифодаи истилоҳоти илмӣ ва рушди забони муштараки мо ба вуҷуд хоҳад омад. Ин корҳо барои наздик шудани гўишҳои забони ин се кишвар мусоидат мекунад ва забони моро дар арсаи байналмилалӣ пойдор месозад. Аз ин тариқ, забони форсии дарии тоҷикӣ ҳамон асолати худро, ки дар тўли беш аз ҳазор сол дошт, неруманд менамояд. Фақат талошу заҳмату иттиҳод метавонад дар даҳсолаҳои наздик забони форсии тоҷикии дариро ба яке аз 10-15 забони маъмултарини дунё табдил созад.
  6. Тавре ки мебинем, муассисаҳо ва ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ, ки дар кишвари мо фаъолият доранд, кўшиш менамоянд забони моро дар ҳамаи соҳаҳо истифода баранд. Ҳоло сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ бо муҳаббат забони тоҷикиро меомўзанд, ки ин хеле муҳим аст. Касе, ки забони худро дўст медорад, ба забони дигарон низ эҳтиром дорад. Аз ин рў, ба онҳо барои омўхтани забон ва таҳияи дастурҳои таълимӣ бояд ёрӣ расонд.
  7. Пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон олимони ҳар се кишвари ҳамзабон ва муассисаҳои илмии кишварҳои гуногуни олам ба ҳамоишҳои илмӣ ба Тоҷикистон меоянд, ё аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар рафта, ба забони тоҷикӣ суханронӣ менамоянд. Ин амалҳо забонро рушд медиҳанд ва пояи аслии онро тақвият мебахшанд. Чунин корҳо бояд бештар шавад.
  8. Фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ, таърихи гуфторӣ илмҳое ҳастанд, ки имрўзҳо дар тамоми дунё ба он таваҷҷуҳ менамоянд. Аз тариқи ин илмҳо ҳам суннатҳои мардумиро аз ҳар нигоҳ мавриди омўзиш ва пажўҳиш қарор медиҳанд, ҳам нишонаҳои нодир ва муҳими оинҳо, ҳунарҳо, гуфтаҳои мардумиро, ки дар хотираҳо аз замонҳои қадим то имрўз расидаанд, барои мавриди баррасӣ қарор додан гирд меоваранд. Ҳоло дар тамоми кишварҳои дунё мувофиқи қарори ЮНЕСКО ба масъалаи омўзиши фолклор, анъанаҳои мардумӣ, маросимҳо, таърихи гуфторӣ, яъне ба мероси ғайримоддӣ аҳамият медиҳанд. Ҳамаи ин ба воситаи забон аз насл ба насл мегузарад ва ба восистаи забон гуфта мешавад, ё иҷро мегардад. Барои омўзиши ин корҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои собиқ Шўравӣ кафедраи фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва таърихи гуфторӣ ҳаст. Онҳо ҳам барои муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ, шуъбаҳои фарҳанги ноҳияҳо, донишгоҳҳо кадрҳо омода менамоянд. Аз ҳама муҳим, ҳар падидаи нави дар зиндагӣ ба вуҷуд омадаро низ гирдоварӣ намуда, мавриди баррасии илмӣ қарор медиҳанд ва барои давлат низ ёрӣ мерасонанд. Вале дар кишвари мо то ҳол кафедраи таълимие нест, ки ин корҳоро созмон диҳад. Кафедраи фолклор, мардумшиносӣ, таърихи шифоҳӣ барои кишвари мо лозим аст.

Дар хулоса ба як нуктаи дигар низ ишорат кардан мехоҳам, ки он шахсоне, ки дар домани забон ва фарҳанги бегона парвариш ёфтаанд ва ба забони дигар меандешанд, табиист, ки он забонро тарафдорӣ менамоянд. Инро дар байни равшанфикрони тоҷик низ метавон дид. Гумон мебаранд, ки тамоми пешрафтҳои дунё маҳз бо он забонест, ки онҳо дар парвариши он буданд. Аз ин рў, онҳо тарафдори забони бегона ҳастанд. Ва ҳол он ки дар кишварҳои бомаърифату бофарҳанг ин тавр нест. Онҳо барои он ки забони худро аз балоҳо нигоҳ доранд, талош меварзанд. Мисоли барҷастаи ин мардуми кишварҳои назди Балтика (Латвия, Литва, Эстония) аст, ки эшон дар тамоми риштаҳои илмӣ аз забони худ истифода мебаранд ва муваффақ ҳам ҳастанд. Пас чаро мо, ки теъдоди аҳолиамон нисбат ба онҳо зиёд аст ва забонамон ба гуфти академик И.М.Стеблин-Каменский дар тўли бештар аз ҳазор сол ба мардуми се кишври форсизабон- Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон комилан фаҳмост, онро рушд надиҳем?

Ҳамаи ин корҳо ҳеҷ гоҳ ба зарари касе, давлате ё забоне нест, балки барои боз ҳам қавитар шудани забони давлатӣ ва дўстии мардумон аст. Ба такрор метавон гуфт, ки агар кас забони модарии худро хуб донад ва ба он муҳаббат дошта бошад, ҳатман забонҳои дигарро аз сидқи дил эҳтиром мекунад, ки инро дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла Русия, Австрия, Фаронса, Англия, Италия, Япония, Олмон, Шведсия, Норвегия ва ғайра метавон дид! Бо таассуф, шахсоне, ки нажодпарастӣ мекунанд, ба забонҳои дигар эҳтиром надоранд, онҳо таърих, забон, адабиёт ва фарҳанги худро низ хуб намедонанд!

Дар охир боз як гуфтаи хеле муҳими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меорам, ки  таъкид намуда гуфтаанд: «Аз ин рў, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад».

Бо умеди пойдории забони тоҷикӣ.

 

Равшан Раҳмонӣ

Професори ДМТ

 

 

 

Октябрь 6, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад