Сафари кӯтоҳмуддати маҳкумшудагон берун аз муассисаҳои ислоҳӣ бо ризоияти прокурор сурат мегирад

Октябрь 12, 2016 15:28

Душанбе, 12.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он масъулияти прокурорҳо баланд бардошта мешавад.
Муҳаммадиброҳим Осимзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд аз ҷониби сардорони муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳкумшудагон додани иҷозаи сафари кӯтоҳмуддат берун аз муассисаҳои ислоҳӣ бар асоси розигии прокурор сурат мегирад. Инчунин ҳангоми додани чунин иҷозат бояд хусусият, вазнинии ҷинояти содирнамудаи маҳкумшуда, муҳлати иҷрои ҷазо, шахсияти маҳкумшуда ва рафтори ӯ ба эътибор гирифта шаванд, ки дар ин маврид қабули қарори мазкур хеле масъулиятнок буда, гирифтани розигии прокурори дахлдорро тақозо менамояд. Дар робита ба ин тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дар баробари сардорони муассисаҳои ислоҳии кишвар, инчунин масъулияти прокуророн тақвият меёбад. Қабули муқаррароти мазкур ба таъмини риояи қонуният дар муассисаҳои ислоҳии кишвар нигаронида шудааст.

Октябрь 12, 2016 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд