11 ноябр-Рӯзи офтолмологҳо. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 258 табиби бемории чашм фаъолият мекунад

Ноябрь 11, 2016 15:21

Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон 11 ноябр ҳамчун Рӯзи офтолмологҳо, яъне духтурони бемориҳои чашм таҷлил карда мешавад. Чашм яке аз асоситарин узви инсон ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир ҳар як инсон пайваста бояд аз назорати духтури чашм гузарад. Бахшида ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм» Меҳриниссо Назифова ҳамсуҳбат гардид.
«Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 258 табиби бемории чашм фаъолият мекунанд. Дар Муасиссаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм» 25 нафар табиб ба беморон хизмат мерасонанд, ки аз онҳо 7 нафар табибони ҷарроҳ мебошанд. Дар марказ дармонгоҳи калонсолон ва кӯдакона фаъол буда, он дорои 80 кат аст, ки 20-тоаш барои кӯдакон ҷудо шудааст. Табибони мо баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ пайваста аз такмили ихтисос гузашта, ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Ҳамасола духтурони мо дар чашми одамон садҳо ҷарроҳиҳои нурӣ мегузаронанд»,- зикр намуд М. Назифова .
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, дар 9 моҳи соли равон дар марказ 3 ҳазору 205 нафар бемор муолиҷа ёфтаанд, ки аз инҳо қисми зиёдашон гирифтори бемориҳои парда гирифтани чашм, бемориҳои қарния ва оби марворид мебошанд. Дар дармонгоҳ шуъбаи дармонгоҳӣ низ мавҷуд буда, дар 9 моҳи соли равон ҳамагӣ 4 ҳазору 195 нафар ба ин дармонгоҳ муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 1764 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.
«Беморхонаи мо Маркази ҷумҳуриявӣ буда, ба мо аз тамоми гӯшаю канори мамлакат муроҷиат мекунанд. Новобаста ба пешравиҳо, дар соҳа камбудиҳо низ мавҷуданд. Як мушкилии мо- ин норасоии духтурони чашм дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад», — бо таассуф гуфт мусоҳиб.
Хотиррасон мекунем, ки моҳи ноябри соли 2015 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии мамлакат Анҷумани якуми байналмилалии офтолмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар он мутахассисони касбии соҳаи кишвар ва табибон аз хориҷи мамлакат иштирок намуданд.

Ноябрь 11, 2016 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад