Барномаи «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ» баъди Берлин, Дрезден, Мюнхен ва Штуттгарт ба Ҳамбург расид

Ноябрь 21, 2016 15:30

Душанбе, 21.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барномаи «Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ ва кӯҳҳои Бадахшон нигини сайру саёҳат» чун барномаи фарҳангӣ дар Сафорати Тоҷикистон шурӯъ гардида, баъдан дар шаҳри Берлин, Дрезден, Мюнхен ва Штуттгарт идома ёфт. Ҳамчунин барнома дар шаҳри бандарии Ҳамбург низ доир гардид. Дар кори он консули фахрии Тоҷикистон дар замини Ҳамбург Куруши Пуркиён сухан гуфт. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
«Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ тӯли ин ҳафтаҳо дар маркази диққати доираҳои дӯстдорони сайру сайёҳати Олмон қарор дорад. Ба чорабиниҳои дар доираи ин барнома пешбинигардида садҳо нафар дӯстдорони сайру саёҳат ҷалб гардида, дар онҳо дар баробари муаррифии имконоту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин маводи зиёди таблиғотӣ паҳн карда мешаванд»,-хабар доданд аз Сафорат.
Аз ҷараёни кори ин барнома дар рӯзномаҳои даврӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста маълумоти зарурӣ дарҷ мегарданд, ки он дар рушди туризми кишварамон метавонад саҳми босазо гузорад.

Ноябрь 21, 2016 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд