Дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Словакия доир гардид
Душанбе, 4.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 ноябр дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Словакия оғоз ёфт. Дар ҳамоиш Забирзода Некруй, директори генералии КВД «Тоҷинвест» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупои Ҷумҳурии Словакия Лукас Паризек, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорони ҳарду кишвар иштирок доранд.
Забирзода Некруй ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «ҳамоиши имрӯза ба тақвияти ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар-Тоҷикистон ва Словакия таъсири мусбат мерасонад».
Дар оғози ҳамоиш ба иштирокчиён навори видеоӣ доир ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онҳоро бо фазои сармоягузорӣ ва бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.
Дар ҳамоиш дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо садо доданд.
Мақсад аз баргузор намудани вохӯрӣ байни соҳибкорони Тоҷикистону Словакия- мустаҳкам намудани ҳамкории судманди тиҷоратӣ байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикон, муҳокимаи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар раванди соҳаҳои афзалиятнок мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






