Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон доир мешавад

Ноябрь 23, 2016 11:06

Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Лаҳистон 25-уми ноябри соли равон соати 11:00 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор мегардад.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, дар вохӯрӣ ширкатҳои бузург дар соҳаи фарматсевтика, таҷҳизоти истеҳсолии тиббӣ ва ширкатҳои фурӯши тачҳизоти тиббии Лаҳистон ширкат хоҳанд кард.
«Мақсад аз гузаронидани вохӯрӣ- ин ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсоли муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад»,-хабар дод манбаъ.

Ноябрь 23, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд