Генерал-майор Абдулҳаким Розиқзода дар бораи марҳилаҳои нахустини барқароршавии милитсияи тоҷик

Ноябрь 8, 2016 16:32

Душанбе, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақола сухан дар бораи таърихи таъсиси милитсияи Бухорои Шӯравӣ ва нахустин қадамҳои он меравад. Ба андешаи муаллиф, милитсия яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, солҳои баъдина ва имрӯз низ ин мавқеъро нигоҳ медорад.

 Духтари нахустин нозири корҳои дохилӣ дар гузари Бухоро иқомат дошт

Барои Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро масъалаи пайдо кардани кадрҳои босавод, аз ҷумлаи масъалаҳои ҷиддиву тақдирсоз маҳсуб мешуд, зеро барои ҳамаи муассисаҳои навтаъсиси давлатӣ аз ҳисоби онҳое, ки бар зидди низоми амирӣ бархоста буданд, пайдо кардани кадрҳои маълумотнок ғайриимкон буд. Бинобар ин, Шӯрои Нозирони Халқӣ иҷозат дод, ки аз ҳисоби он амалдорони давраи амирӣ, ки Ҳокимияти халқиро эътироф кардаанд ва дар сафҳои он хоҳиши содиқона кор карданро доранд, ба корҳои давлатӣ ҷалб карда шаванд.

Минбаъд таъсис додани ниҳодҳои дигари милитсияи Бухорои Шӯравӣ ва мақомоти кофтукови ҷиноят ба уҳдаи нозири корҳои дохилӣ Мухторҷон Саидҷонов вогузор гардида буд.

Саидҷонов Мухторҷон Юлдошевич ҳамчун яке аз равшанфикрон, узви ташкилоти ҷавонбухороиён ва узви ҳизби коммунистии Бухоро дар 26-солагӣ нозири корҳои дохилӣ таъйин шудааст. Дар ҳуҷҷати бойгоние, ки «Основная карточка коммуниста» ном дошта, худаш моҳи октябри соли 1920 пур кардааст, қайд мекунад, ки аз сентябри соли 1918 аъзои ҳизби коммунистии Бухоро мебошад ва дар вазифаҳои «секретар ЦК БКП в Ташкенте», ҳамчунин ташкилотчӣ ва тарҷумон кор кардааст. Дар ин варақа ӯ баромади иҷтимоии худро «интеллигент-пролетар» пур карда, таъкид мекунад, ки синфи севвуми семинарияро дар Тошканд хондааст ва то соли 1918 ба ташкилоти ҷавонбухороиён аъзо будааст. Ҳарчанд дар ин варақа вазъи оилавиашро напурсидаанд, вале аз дигар сарчашмаҳо маълум гардид, ки дар ин давра оиладор ва соҳиби духтарчае буда, дар гузари Говкушони Бухорои Кӯҳна иқомат доштааст.

Тибқи тасдиқи академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Мухторҷон Саидҷонов бо шоири шаҳири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ дӯсти наздик будааст.

Мутаассифона, дар бораи фаъолияташ дар мансаби Нозири корҳои дохилии Бухорои Шӯравӣ ва тақдири минбаъдааш маълумоти дигаре дар даст надорем. Фақат ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ дар ин вазифа камтар аз 3 моҳ фаъолият кардаасту бас, зеро аллакай дар ҳуҷҷатҳои расмии Назорати халқии корҳои дохилии ҶМШБ, ки ба санаи 31 декабри соли 1920 тааллуқ доранд, ҳамчун нозири корҳои дохилӣ каси дигар — Арипов ном шахс имзо гузоштааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ аз вазифа ихтиёрӣ рафтааст ё барканор карда шудааст.

Таъсиси нахустин шуъбаи марказии кофтукови ҷиноят

Воқеан, аз ҳуҷҷатҳои бойгонӣ чунин бармеояд, ки дар солҳои аввали фаъолияти Назорати корҳои дохилӣ ва хусусан милитсияи он роҳбарон ва сохторҳои он зуд-зуд иваз шудаанд.

Бояд қайд кард, ки ҷараёни ташкилии Назорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои марказии он, шуъбаву зершуъбаҳои он дар шароити ниҳоят вазнини задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷараён гирифтааст. Ҳайати дастгоҳи марказии худи Назорати корҳои дохилӣ, ки тақрибан баъди як сол аз тарафи Раёсати Комитети Иҷроияи Умумибухороӣ тасдиқ шуда буд, бо ҳамроҳии нозири корҳои дохилӣ, ҷонишини он, роҳбари дастгоҳ, котибот ва кормандони техникӣ аз 35 нафар иборат буд. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои назорат, ки ба 1 ноябри соли 1920 мансуб мебошад, худи нозири корҳои дихилӣ чунин навиштааст: «Кор дар муассисаи мо ҳанӯз хусусияти инқилобӣ дошта, ба як маҷрои устувор ворид нашудааст ва зинаҳои аввали ташкилӣ идома дорад».

Қобили зикр аст, ки дар ибтидо ба Назорати корҳои дохилӣ ҳуқуқу ваколатҳои хеле зиёд дода шуда буд. Чунончи, дар банди 12 «Низомнома дар бораи Назорати корҳои дохилии ҶХШБ», ки соли 1921 тасдиқ шудааст, ҳатто қайд гардида буд, ки дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани мақомоти маҳаллии ҳокимият (ба истиснои мақомоти вилоятӣ) онро пароканда намуда, ҳайати нав қабул кунад ва дар ин бора Шӯрои Нозирони Халқӣ ва Кумитаи инқилобии марказиро огоҳ намояд.

Назорати халқии корҳои дохилии ҶХШБ дар рӯзҳои аввал бо сохторҳои зерин: котибот (бо конселярияи умумӣ), шуъбаи идораи маъмурӣ; сарраёсати милитсия; шуъбаи баладия (коммуналӣ); шуъбаи молия ва шуъбаи алоқа ба фаъолияти худ оғоз карда буд.

Баъди таъсиси Назорати корҳои дохилӣ тибқи қарори Шӯрои Нозирони Халқии ҶХШБ аз 16 сентябри соли 1920 ва фармони нозири корҳои дохилӣ аз 20 сентябри соли 1920 дар сохтори Назорати корҳои дохилӣ Сарраёсати милитсияи коргару деҳқон ташкил карда мешавад. Тақрибан пас аз як моҳ, 14 ноябри соли 1920 дар ҷаласаи мушовараи Назорати халқии корҳои дохилӣ «Низомнома дар бораи Сарраёсати милитсия» тасдиқ карда шудааст.

Сарраёсати милитсия аз сохторҳои раёсати корҳо, шуъбаи дастурдиҳӣ, шуъбаи таъминот ва дастаи сӯхторнишонӣ иборат буд. Бо фармони сардори Сарраёсати милитсия таҳти №121 аз 24 декабри соли 1920 барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар назди Сарраёсат Шуъбаи марказии кофтукови ҷиноят таъсис дода шуд.

Дар сохтори Нозироти халқии корҳои дохилӣ Сарраёсати милитсия ва Шуъбаи марказии кофтукови ҷиноят ҳамчун воҳидҳои мустақил дониста шуда, сардори Сарраёсати милитсия ҳамзамон ҷонишини нозири корҳои дохилӣ маҳсуб меёфт. Аввалин сардори Сарраёсати милитсия Алӣ Ризо 20 сентябри соли 1920 ба вазифа таъйин шуда, аввалин сардори шуъбаи марказии кофтукови ҷиноят Қурбонов ва ёрдамчии ӯ Мелсер буданд.

Тибқи Низомнома, вазифаҳои Сарраёсати милитсия аз ҳифз намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҳама гуна сӯйиқасди ҷинояткорон, ҳифзи бехатарӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони дар ҳудуди ҶХШБ иқоматдошта, мубориза бар зидди босмачиён ва ғайра иборат буд.

Дар яке аз гузоришҳои хаттӣ дар бораи фаъолияти Сарраёсати милитсия таъкид мешавад, ки бинобар сабаби набудани кадрҳои босавод, он ҳанӯз ба фаъолияти худ пурра оғоз накардааст, воҳидҳои кории милитсия, ки дар маҳаллаҳо кумитаҳои инқилобӣ муқаррар кардааст, ба талаботи воқеии милитсия мувофиқат намекунад, аксарияти кормандони милитсия аз корҳои низомӣ огоҳ нестанд. Дар баробари ин, аслиҳа ва либос намерасид, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дастурӣ барои танзими фаъолияти милитсия дар шароити муборизаи зидди дастаҳои босмачиён саривақтӣ тартибу танзим намешуданд ё дар баъзе маврид хому ноқис аз асноди Русияи Шӯравӣ ва Туркистони Шӯравӣ нусхабардорӣ шуда, на дар ҳамаи маҳаллаҳо дастрас мегардид.

Қарори махсус оид ба либоси кормандони милитсия

Ба сафи милитсияи Бухорои Шӯравӣ ба таври ихтиёрӣ аз ҳисоби деҳқонон ва дигар табақаҳои аҳолӣ ба таври кироя истихдом мешуд, вале шумораи ихтиёриён дар саф­ҳои милитсия хеле кам буданд. Бинобар ин, баъдтар ба қарори Шӯрои Нозирони ҶХШБ аз 11 ноябри соли 1920 тартиби нави ҷалб ба сафҳои милитсия ҷорӣ гардид, ки мувофиқи он аз ҳар як деҳа ё гузар вобаста ба шумораи сокинони он як ё дунафарӣ корманди милитсия бо овоздиҳии кушод дар ҷаласаҳо интихоб мегардид.

Баръакси тартиби маъмул дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯ­равии Туркистон, дар ҶХШБ онҳое, ки ба сафи милитсия шомил мешуданд, ба хизмати аскарӣ ҷалб намешудаанд. Каме баъдтар дар асоси Декрет «Дар бораи милитсияи коргару деҳқон», ки 17 январи соли 1921 қабул шуда буд, милитсия ба қисмҳои низомии таъйиноти махсус баробар карда шуд ва дар ҳолати оғоз гаштани амалиёти ҳарбии зидди босмачиён дар ин ё он минтақа 50 фоизи ҳайати шахсии милитсия ба он ҷалб карда мешуд.

Дар яке аз ҳуҷҷатҳои бойгонӣ либоси кормандони милитсияи Бухорои Шӯравӣ тавсиф шудааст. Аз кӯлоҳи оддӣ сар карда, то пойафзоли милитсионер тавсиф мешуд, ки чи гуна бошад. Аз ҷумла, дар ҳуҷҷати таърихӣ омадааст: Кӯлоҳи аз пӯсти барраи сиёҳ дӯхташуда баландиаш 10 см ва теппаи он аз моҳути сурх барои пиёдагардон ва зард барои милитсияи савора; дар тарафи пеш ситорачаи панҷгӯшаи сурх.

Нимтанаи гиребондору аз ду тарафи пеш кисадор аз моҳути сиёҳ барои милитсияи пиёда, кабуди сиёҳмонанд барои милитсияи савора бо панҷ тугма маҳкамшаванда. Гиребони нимтана мағзидор буда, ранги зард барои милитсияи савора, сабз барои милитсияи пиёда.

Шалвор — аз моҳути сиёҳ барои милитсияи пиёда ва сиёҳи кабудмонанд барои савора, шалвори мағзидори сабз барои пиёдагардон ва мағзии зард барои саворагон.

Пӯстинча — аз моҳути сиёҳи шинелбоби панҷтугмадор ва гиребони мағзидори сабз барои пиёдагард, зард барои саворагон. Тугмаҳои пиёдагардон зарҳалӣ ва саворагон нуқрагин.

Пойафзол — мӯзаи сиёҳ барои савораҳо ва ботинкаи сиёҳ барои пиёдагардон.

Миёнбанд — камарбанди зард.

Нишони сарисинагӣ — чоркунҷаи сурх бо навиштаҷоти номи вилоят, рақами тартибии вилоят ва бо нишони (герби) ҶБШС, ки Конститутсия муқаррар кардааст. Вале, дар марҳилаҳои баъдӣ даҳҳо маротибаи дигар либосо ва нишонаҳои хоси милитсия тағйир дода шудаанд.

Дар асоси фармони Комитети инқилобии ҶХШБ таҳти №75, 88 тамоми ҳудуди кишвар ба 9 вилоят, ҳар як вилоят ба 4 туман ва туман ба кентҳо ва кентҳо ба қишлоқҳо тақсим мегардид. Ин вилоятҳо аз Бухоро, Кармина, Чорҷӯй, Қаршӣ, Каркӣ, Шаҳрисабз, Шеробод, Ҳисор ва Ғарм иборат буданд ва ин шаҳрҳои ҳамном мақоми марказҳои вилоятро доштанд.

Милитсияи вилояти Бухорои Шарқӣ (ҳозира ноҳияҳои Тоҷикистони марказию ҷанубӣ) аз 60 нафар кормандони милитсияи пиёдагард иборат буд

Декрет «Дар бораи милитсияи коргару деҳқон» тамоми паҳлӯҳои фаъолияти милитсияи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухороро ба низом медаровард. Тибқи талаботи ин декрет, Сарраёсати милитсия роҳбарии умумии милитсияро дар қаламрави ҷумҳурӣ ба уҳда дошта, нақшаи хароҷоти фаъолияти милитсия, ҳама гуна дастурамалҳоро тартиб дода, курсҳои омӯзиширо ташкил карда, мақомоти маҳаллии милитсияро ташкил дода, фаъолияти онҳоро тафтиш ва баҳогузорӣ менамуд. Ҳамчунин декрети номбурда тартиби таъйин ва аз вазифа озод намудани сардорони милитсияи вилоят, туман ва кентҳоро муқаррар мекард. Милитсияи Бухорои Шӯравӣ дар фаъолияти худ ҳам ба Назорати корҳои дохилӣ ва ҳам ба Раиси комитети иҷроияи шӯрои вилоятӣ, туману кентҳо тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буд.

Декабри соли 1921 Шуъбаи марказии кофтукови ҷиноятӣ ҳамчун раёсат аз нав ташкил шуда, ба тобеияти Сарраёсати милитсия дода шуда, баъдан, 5 марти соли 1922 низомномаи он низ тасдиқ карда шуд.

Чуноне ки дар боло таъкид гардид, дар шароити муборизаҳои тезутунди зидди босмачиён ва гурӯҳҳои ҷинояткор милитсия тағйироти зиёди сохториро аз сар гузаронидааст. Инак, бо мақсади созмон додани як ниҳоди мустаҳками коршоям, ки қодир бошад сохти нави давлатиро дар шароити муборизаҳои тӯлонии мусаллаҳона ҳимоя намуда, бехатарии аҳолиро таъмин карда тавонад, 1 августи соли 1922 бо қарори Шӯрои Нозирони Халқии ҶХШБ дар наз­ди Нозироти корҳои дохилӣ як идораи нав бо номи Шуъбаи марказии муҳофизаи ҷумҳурӣ созмон дода мешавад. Баъди даҳ рӯз – 12 августи соли 1922 Низомномаи Шуъбаи марказии муҳофизаи ҷумҳурӣ тасдиқ карда мешавад, ки тибқи он, сохтори шуъбаи муҳофиза аз шуъбаи кофтукови ҷиноят­ҳои сиёсӣ, шуъбаи милитсия ва шуъбаи ташкилию назоратӣ иборат буд. Ҳамчунин зершуъбаҳои коргузорӣ, муҳосибот, хоҷагӣ ва комендантӣ низ таъсис дода шуда буд.

Аз рӯйи Низомнома, сохтори Шуъбаи марказии муҳофиза дар вилоят аз ҳайати мушовара, котиботи умумӣ, қисми хоҷагию молиявӣ, шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ, шуъбачаи милитсия ва ҳабсхона иборат буд. Дар туманҳо  ҳайати кормандони Шуъбаи муҳофиза ба истиснои сардори милитсия 11 нафарро ташкил мекард, вале чунин тағйироти сохторӣ ҳанӯз як сол пурра фаъолият накарда, барҳам дода шуд ва бо қарори Шӯрои Нозирони Халқии ҶХШБ таҳти №36 аз 16 июли соли 1923 ва қарори Нозироти халқии корҳои дохилӣ таҳти 141 аз 31 июли 1923 Шуъбаи марказии муҳофизати ҷумҳурӣ ба ду ниҳоди ҷудогона: Раёсати давлатии сиёсӣ ва Сарраёсати милитсияи ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

Дар асоси ин дигаргунсозӣ акнун дар Сарраёсати милитсияи ҶХШБ сохторҳои зерин: шуъбаи коргузорӣ, шуъбаи хизмати милитсия, шуъбаи кофтукови ҷиноят ва шуъбаи таъминоти моддӣ-молиявӣ созмон дода шуда, теъдоди кормандони милитсия дар ҷумҳурӣ 1700 нафар муқаррар карда шуд. Ҳайати худи кормандони Сарраёсати милитсия аз 39 нафар кормандони милитсия, 150 нафар милитсионери савора ва 50 нафар милитсионери пиёдагард иборат буд. Аз рӯйи ҷадвали штатӣ, ҳайати шахсии милитсияи вилояти Бухорои Шарқӣ (ҳозира ноҳияҳои Тоҷикистони марказию ҷанубӣ) аз 60 нафар кормандони милитсия, 90 нафар милитсионери савора, 40 нафар милитсионери пиёдагард иборат буд.

Баъди ба ду сохтори мустақили ҷудогона тақсим гардидани Шуъбаи марказии муҳофизаи ҷумҳурӣ моҳи июли соли 1923 сардори Сарраёсати милитсия яке аз шахсони пуртаҷриба ва фаъоли милитсияи Бухорои Шӯравӣ Юнус Маҳмудов ва ҷонишини якуми ӯ Бауров, ки дар як вақт сардори шуъбаи кофтукови ҷиноят ҳисоб мешуд, таъйин карда мешаванд. Юнус Маҳмудов якчанд муддат ба ҳайси сардори милитсияи вилояти Бухоро, баъди таъсиси шуъбаи марказии муҳофизаи ҷумҳурӣ аввал ҷонишин, баъдан дар вазифаи сардори он кор кард. Баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар вазифаҳои сардори Раёсати марказии маъмурии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, ҷонишини Комиссари халқии корҳои дохилӣ, ҷонишини Комиссари халқии адлия ва сардори Сарраёсати маҳбасхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор кардааст.

Дере нагузашта, 26 августи соли 1923 дар ҷаласаи мушовараи Нозироти корҳои дохилии ҶХШБ Низомномаи нави Сарраёсати милитсия тасдиқ карда мешавад. Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ Шуъбаи кофтукови ҷинояти Сарраёсати милитсия ба сохтори мустақили Раёсати марказии кофтукови ҷиноят табдил дода мешавад, вале ин дигаргуниҳои сохторӣ ҳанӯз дар вилоятҳо, туману кентҳо амалӣ нагашта, фаъолияти густурдаашро ба роҳ намонда, тақсимоти ҳудудӣ-миллии Осиёи Миёна анҷом гирифт ва бинобар ин бо фармони нозири корҳои дохилии ҶХШБ таҳти №164 аз ноябри соли 1924, Сарраёсати милитсия, баъдан Нозироти халқии кор­ҳои дохилӣ ва ҳамзамон Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро низ барҳам дода шуданд.

Акнун милитсияи ин сарзаминро дигаргунию навсозиҳои навбатӣ дар пеш меистод.

Абдулҳаким Розиқзода,

доктори илмҳои таърих, профессор,

генерал-майори милитсия

 

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»: Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро соли 1982 хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун омӯзгори фанни таърих дар мактаби миёнаи раками 7 ноҳияи Ҳамадонӣ оғоз карда, сипас дар мактабҳои олии кишвар дарс додааст.

Соли 1989 ба аспирантураи ДМТ дохил шуда, баъд аз хатми он ба Мактаби олии милитсия, ҳоло Академияи милитсия ба кор даъват шудааст. Чандин солҳо ба омӯзиши таърихи ташаккул ва таҳқиқи рушду такомули милитсияи тоҷик машғул гардида, соли 2002 рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Таърихи ташкилёбӣ ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон»-ро ҳимоя кардааст.

Муаллифи беш аз 50 мақолаҳои илмӣ-таърихӣ оид ба фаъолияти милитсияи тоҷик мебошад.

Ноябрь 8, 2016 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд