Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус. Шоми имрӯз дар шаҳри Бобруйск консерти устодони санъати тоҷик доир мегардад
Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 ноябр дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус баргузории як зумра барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нахуст дар Китобхонаи миллии Беларус рӯнамои тарҷумаи китоби А. Дударев «Аскарони қаторӣ», ки аз ҷониби мутарҷимони тоҷик таҳия шудааст, доир мегардад.
Дар Кинотеатри давлатии «Беларус» дар шаҳри Минск ифтитоҳи Рӯзҳои кинои тоҷик сурат гирифта, худи ҳамин рӯз мухлисони санъати тасвирӣ метавонанд аз намоиши мусаввирони муосири Тоҷикистон, ки дар нигористон (галерея)-и мусаввирии Михаил Савитский дар шаҳри Минск ташкил мешавад, баҳра баранд.
Шоми имрӯз барномаи бошукӯҳи консерти устодони санъати тоҷик дар саҳни Театри мазҳакавӣ-драмавии ба номи Дунин-Мартсинкевич дар шаҳри Бобруйск барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Бобруйск баргузор мегардад.
Рӯзҳои кинои тоҷик ва намоиши мусаввирӣ то 13 ноябр идома хоҳанд ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






