Шуруъи таҷдид ва азнавсозии корхонаи саноатии «Азот»

Ноябрь 18, 2016 10:29

Душанбе, 18.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сарбанд ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» ташриф оварда, баъди боздид барои оғози марҳилаи дуюми таҷдиду азнавсозии корхона санги асос гузоштанд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани мурватҳо ба марҳилаи якуми таъмиру таҷдиди корхона оғоз бахшиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони тоҷик ва намояндагони ширкати чинӣ оид ба аҳамияти корхона дар рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ суҳбати самимӣ доир карданд.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» — собиқ Заводи нуриҳои азотии Вахш, нахустин корхонаи бузурги кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1967 бо ду хати технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна ба фаъолият оғоз карда буд. Дар коргоҳҳои он беш аз 1200 нафар кор мекард.

Айни замон дар корхонаи мазкур қариб 1000 нафар коргар ба қайд гирифта шудааст.

20 июли соли 2004 зимни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи Азот боздид ба амал оварда буданд.

Ҳангоми суҳбат ба коргарону мутахассисон барои афзун кардани истеҳсоли маҳсулот ва кам намудани воридоти нурӣ аз хориҷ дастур доданд.

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ истеҳсол мекунад. Карбамид дар хоҷагии халқ, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон дар саноати сабуки хурокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ бошад, дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ истифода бурда мешавад.

Дар корхона ба ғайр аз истеҳсоли аммиак, карбамид, буғу обтаъминкунӣ боз коргоҳҳои ёрирасони таъмири механикӣ, таъмири таҷҳизотҳои барқӣ, барқтаъминкунӣ, асбобҳои назоратию ченкунанда ва автоматика, нақлиётӣ, сохтмону таъмирӣ, шӯъбаи марказонидашудаи назорати техникӣ ва ташхисгоҳи санитарӣ мавҷуд аст.

Маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар, аз он ҷумла ба ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Украина, Маҷористон, Лаҳистон, Словакия ва Руминия низ содирот карда шудааст.

Дар ҳамин ҷо баъди шиносоӣ бо фаъолият ва иқтидори истеҳсолии корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони марҳилаи дуюми Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» санги асос гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки 3 сентябри соли 2016 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я гуруҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонида шуд.

Барои таҷдиди дастгоҳу таҷҳизотҳои технологӣ ҷиҳати ба фаъолият даровардани онҳо бо истифода аз ангишт ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолии аммиак ва карбамид 360 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар ду марҳила анҷом меёбад. Марҳилаи якум лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии 320 ҳазор тонна дар 1 сол. Корхона дар масоҳати 6 гектар замин ҷойгир шуда, сарфи солонаи ангишт барои истеҳсолот 200 ҳазор тонна мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа якуним солро ташкил медод. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ширкати чинӣ дастур доданд, ки дар муҳлати як солу ду моҳ корҳои таҷдиду барқарорсозиро ба анҷом расонида, корхонаро моҳи феврали соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Инчунин супориш дода шуд, ки дар рафти корҳо беш аз 95 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд. Марҳилаи дуюми лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии истеҳсолии 500 ҳазор тонна дар 1 сол буда, он дар масоҳати 45 гектар замин бунёд мегардад. Маблағ барои сохтмони марҳилаи дуюми корхона 325 миллион долларро ташкил дода, сарфи солонаи ангишт 500 ҳазор тонна дар як сол мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 3 солро дар бар мегирад.

Тибқи маълумоти пешакӣ бо анҷом ёфтани лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Ноябрь 18, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд