Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2016 16:16

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт Рӯзи Парчами давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати беандоза дар саҳни Боғи Парчами миллӣ таҷлил намуданд. Дар ҷамъомади идона устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт ва намояндагони вазорату идораҳо ширкат намуданд.
Ҷавонон ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, бо табъи болида сайру гашт мекарданд.
Рустам, яке аз иштирокчиёни фаъоли ҷамъомад, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён дошт, ки «ҳар як ҷавони бо нангу номус бояд парчами кишвари худро азизу муқаддас дошта, бо амалҳои неку созанда онро боло бардорад. Ман чун як фарди солим ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром дошта, доимо кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ба ватани маҳбубам хизмат намоям. Мо ҷавонон бояд парчами худро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар низ чун Дилшод Назаров болои сар бардорем».
Хотиррасон мекунем, ки 29 октябри соли 2009 дар конфронс бахшида ба 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун иди миллӣ пешниҳод гардида, бори нахуст он 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд.

Ноябрь 24, 2016 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид